ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ ҲАШТУМИ ВАЗИРОНИ МАОРИФИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШАНХАЙ ДАР ШАҲРИ МАСКАВ

18-04-2024
18-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав Ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода низ иштирок намуд.
Дар қисмати аввали ҷаласа суханронии Котиби генералии СҲШ Чжан Мин, вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Валерия Фалков, муовини вазири маорифи Федератсияи Россия Денис Грибоев, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва дигар вазирони маорифи кишварҳои аъзо ва нозири СҲШ шунида шуд.
Дар идома масъалаҳои беҳтар намудани ҳамкориҳои муассисаҳои таълимии кишварҳои аъзо ва нозири СҲШ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм байни кишварҳои аъзо, гузариш ба сатҳи нави ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва таъсиси Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай барои наздик намудани равобити кишварҳои аъзои созмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ аз масъалаҳои баррасишаванда истиқбол намуда, онҳоро дар густариш ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо ва равобити дӯстии байни кишварҳои аъзо муҳим арзёбӣ кард.
Гуфта шуд, ки ҳадафи баргузории ҷаласаи мазкур таҳкими эътимоди мутақобила ва муносибатҳои неки байни кишварҳои узви СҲШ, рушди равандҳои ҳамгироӣ дар соҳаи маориф, илм ва иноватсия, додани такони нав ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, васеъ кардани имкониятҳо барои ҷавонон барои гирифтани маълумоти босифати муосир, таъсис ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, мусоидат ба ҳамкории самараноки давлатҳои иштирокчии созмон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва тадбирҳои афзалиятнок барои таъсиси Донишгоҳи СҲШ мебошад.
Дар охир як қатор созишномаҳо аз ҷониби вазирони маорифи кишварҳои аъзои СҲШ дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф ба имзо расид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон