ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАҲЛИЛ ВА ҲАМОҲАНГСОЗИИ НАЗДИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26-02-2024
26 феврали соли ҷорӣ бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, намояндаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE), сарпарасти Тоҷикистон Муҳаммад Тариқ Хон, муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва дигар намояндагони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Раҳим Саидзода қайд намуд, бо мақсади татбиқ намудани Ҳадафҳои Рушди Устувор барои солҳои 2015-2030 ва иҷрои бандҳои Нақшаи миёнамуҳлати “Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷиҳати бунёди самараноки маориф, ки имконияти фарогир ва баробарро барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ ва стандартҳои низоми таҳсилоти пешрафти ҷаҳонӣ, низоми байналмилалии арзёбии сифат ва воридшавии Тоҷикистон ба “Барномаи давлатӣ оид ба баҳодиҳии дастовардҳои таҳсилоти хонандагон” зарурати ташкил намудани сохтори алоҳида дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.
Сипас Давлатзода Насим оид ба фаъолияти минбаъда ва нақшаву дурнамои марказ дар оянда ба ҳозирин иттилоъ дода, зикр кард, ки бо Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2023, таҳти №1377 Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Гуфта шуд, ки марказ вазъи умумии соҳаи маориф, зинаҳои таҳсилот, рафти ислоҳоти соҳаи маориф, сармоягузорию маблағгузорӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии соҳаи маорифро ҳамаҷониба таҳлил менамояд. Ҳамзамон рафти таҳия, мувофиқа ва татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи маориф, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, нақшаҳои рушд ва кўмакҳои техникии соҳаи маорифро ҳамоҳанг менамояд.
Дар охир Раҳим Саидзода ба масъулони Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм, ҳамкорӣ бо шарикони рушд, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи маориф, иҷрои бандҳои стратегия ва барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон