Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 дар ноҳияи Ашт

12-04-2024
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими баистифодадиҳии бинои нави таълимӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода иштирок намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ва Раҳим Саидзода дар суҳбат бо сокинони ноҳияи Ашт таъкид карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои фароҳамсозии шароити арзандаи таълиму тарбия аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-уми деҳаи Ашти деҳоти Ашт барои 800 хонанда дар ду баст сохта шудааст.
Он аз 4 ошёна иборат буда, дорои 20 синфхонаи таълимӣ, ошхона бо 100 ҷой, 2 синфхона - озмоишгоҳи замонавӣ, толори замонавии варзишӣ, майдончаи варзишӣ барои футбол ва маҷлисгоҳ бо 200 ҷой мебошад.
Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳа, сохтмон ва муҷҷаҳазгардонии мактабҳо” буда, маблағгузор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд (Фонди Саудии Рушд) ва пудратчӣ ҶДММ “ТИСМ” мебошанд.
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 бо харҷи 15 миллиону 388 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки муассисаи таълимӣ соли 1933 таъсис дода шудааст.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд