Ифтитоҳи бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус

28-08-2021
28-уми августи соли ҷорӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода, раиси ноҳияи Шаҳритус Ғаффор Ҷабборӣ, омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи Айвоҷ бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 мавриди истифода Қарор дода шуд.
Сохтмони бинои таълимии мазкур дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ба наҚша гирифта шудааст. 
Фармоишгари иншоот раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Абрис” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Сохтмони Шариф” иҷро гардидаанд.
Қобили Қайд аст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 ноҳияи Шаҳритус 349 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 26 нафар омӯзгор фаъолият менамояд. 
Лоиҳаи иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла кабинети фанни физика, синфхонаи компютерӣ 6 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон тарҳрезӣ гардидааст.
Ҳамзамон, дар Қитъаи замини ҷудогардида буuхона, ҳоҷатхона ва ҳавзи нигоҳдории об тибҚи лоиҳаи таҳиягардида сохта шудааст.