ИДОМАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023”

28-09-2023
Рӯзи дуюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и шаҳри Душанбе ҷараён дорад.
Озмуни мазкур дар асоси Низомномаи озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон”, ки соли 2022 аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таҷдид гардидааст, баргузор мегардад. Даври ҷумҳуриявии озмун 3 рӯз давом намуда, дар он Суҳробов Дилдор – омўзгори фанни математикаи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Роштқалъа, Ҳидоева Раҳима – омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Мастчоҳ, Зоиров Сиратулло – омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Абдуқаҳҳор Сулаймон – омўзгори фанни физика ва астрономияи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб ва Абдуллозода Санавбар – омўзгори фанни химияи Гимназия – парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯйи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер ҳунару маҳорати худро нишон дода истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ташкил ва баргузор карда шуда, мақсади он дарёфт ва ошкор сохтани омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ҳамчунин тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон мебошад. Имсол даври ҷумҳуриявии озмун бо иштироки бевоситаи вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода баргузор гардида истодааст.
Бо мақсади таъмини шаффофият рафти баргузории озмун пурра сабт карда мешавад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон