ХОНИШИ ИДОРАВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

12-04-2024
12-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода ҷаласаи хониши идоравии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа сардорони раёсату шуъбаҳо, намоянда аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоянда аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Нахуст,  Дилшод Сафарзода ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Гуфта шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими самарабахшии фаъолияти вазорат ҷиҳати баланд бардоштани касбият ва ҳисси масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ риояи ҳатмии қоидаҳои одобу ахлоқ, тартиби интизоми меҳнат ва эҳтирому боварӣ ба якдигар пайваста бо ҷалби олимону коршиносон ва иштироки васеи кормандон омӯзиши идоравӣ доир карда мешавад.
Сипас Кенҷазода Мирзо – муовини сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастурамали мансабии хизматчии давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тартиби таҳия, тасдиқ ва истифодаи он)» ва Изатуллозода Пайрав – муовини сардори шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"" суханронӣ намуданд.
Дар охир мавзуъҳои матраҳгардид миёни ҳозирин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон