ФРАНСИЯ: ИШТИРОКИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДИЛШОД САФАРЗОДА ДАР САММИТИ ГЛОБАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҒИЗОИ МАКТАБӢ

18-10-2023
18-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Парижи Франсия Саммити глобалии сатҳи баланд оид ба ғизои мактабӣ ба кори худ шуруъ намуд, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагон зери роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода иштирок доранд. 
Дар рӯзи нахусти Саммит намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ӯҳдадориҳои ин кишвар дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ғизои мактабӣ маълумот дода, дар маросими расмии супоридани санад оид ба уҳдадорӣ – Эътилофи ғизои мактабӣ (Коалиции по школьному питанию), ки аз ҷониби вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода имзо шуда буд, ширкат намуданд. 
Дар маросими расмӣ таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин кишвар аз Осиёи Марказӣ аст, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ба Эътилофи ҷаҳонии ғизои мактабӣ ҳамроҳ шуд. Уҳдадориҳо дар назди Эътилофи ҷаҳонӣ дар асоси ҳадафҳо ва вазифаҳои Барномаи миллии рушди ғизои мактабӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд ва нақшаи татбиқи он то соли 2027 асос ёфтааст, татбиқ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Саммити глобалии сатҳи баланд оид ба ғизои мактабӣ ду рӯз идома ёфта, 19-уми октябр ба кори худ хотима медиҳад.