ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ""ТОҶИКОН" - ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ ОҒОЗ ГАРДИД

24-11-2023
24 ноябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат" оғоз гардид. Озмун соли якум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Дар маросими кушодашавии озмун муовини Сарвазири кишвар, раиси комиссияи озмун Матлубахон Сатториён ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, баргузории чунин озмунро ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди тафаккури миллӣ ва донистани таъриху фарҳанги ниёгон амри зарурӣ донистанд.
Гуфта шуд, ки дар даври чоруми озмун аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 нафар, вилояти Хатлон 24 нафар, вилояти Суғд 24 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 24 нафар ва шаҳри Душанбе 24 нафар, дар маҷмуъ 115 нафар иштирок менамоянд. 
Ҳадаф аз баргузории озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, мебошад.
 Озмун аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  баргузор гардида, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 1 декабр дар назар дошта шудааст.
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон