ДАР ШАҲРИ ҲИСОР ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН БАРГУЗОР ГАРДИД

07-05-2022
7-уми майи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор барои истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои зикргардида, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.
Зимни қабули шаҳрвандон истиқоматкунандагон, асосан, ҷиҳати барқарор намудан дар курс ва ихтисоси мувофиқ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъмини омӯзгорон бо имтиёзҳо, аз ҷумла таъмин бо замини наздиҳавлигӣ, иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, насби чароғакҳои роҳнамо дар назди муассисаҳои таълимӣ, таҳияи барномаҳои телевизионии махсус барои муаррифии чеҳраҳои омӯзгорони варзидаю соҳибмактаб, бо нархи нисбатан дастрас ба роҳ мондани фурӯши либосҳои мактабӣ ва чанде дигар дархосту муроҷиатҳои худро пешниҳод намуданд. 
Зимни қабули шаҳрвандон вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Инчунин, бо истифода аз иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо вазири маориф ва илм дархост ба амал овард, ки ҷиҳати таъмини саривақтии омӯзгорон бо имтиёзҳо, хусусан таъмин бо қитъаи замин чораҳои дахлдор андешида шавад.