ДАР ШАҲРИ ИСФАРА ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН БАРГУЗОР ГАРДИД

21-05-2022
21-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара барои истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид, ки дар он, инчунин, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказию роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни қабул беш аз 20 нафар иштирок намуда, истиқоматкунандагон, асосан, доир ба пешниҳод ба мукофотҳои соҳавию давлатӣ, таваҷҷуҳ ба омодасозии кадрҳои ҷавон, дар ҳолатҳои истисноӣ пеш аз муҳлат ба роҳ мондани аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар доираи маблағҳои ҷудошуда харидорӣ намудани компютерҳо ва таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷониби муаллифони китобҳои дарсӣ таҳия гардидани дафтарҳои корӣ, пешгирӣ аз санҷишҳои бемариду ғайринақшавӣ аз ҷониби идораву сохторҳои ғайрисоҳавӣ, сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, аз тавозуни як сохтор ба сохтори дигар гузаронидани биноҳои муассисаҳои таълимӣ, таҳияи барномаи алоҳида дар самти таҷрибаивазкунии омӯзгорони ҷавон дар дохили кишвар, табдили мақоми муассисаи таълимӣ, барои истифодаи умум ба муассисаҳои таълимӣ вобаста намудани китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, бо барномаҳои таълимӣ мувофиқа намудани китобҳои дарсӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, омода намудани омӯзгорони фанҳои табиатшиносию дақиқ бо забони русӣ, ҷудо намудани квотаҳои иловагӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастрасии омӯзгорони ҷавон ба имтиёзҳои муқарраршуда ва чанде дигар дархост ва таклифу пешниҳодоти худро манзур намуданд. 
Дар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм Р.Саидзода ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Инчунин, бо истифода аз иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо вазири маориф ва илм даъват ба амал овард, ки ҷиҳати таъмини саривақтии дархосту пешниҳодоти шаҳрвандон, ки ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, мусоидат намоянд.