Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 288 хонанда ифтитоҳ ёфт

19-04-2024
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Қазоқободи Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Тибқи лоиҳа, иншоот аз як ошёна иборат буда, дорои хонаи омӯзгорон ва 12 синфхона барои 288 хонанда дар як баст мебошад.
Бинои иловагии муассиса дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Хатлон ба дастгирӣ ва таъмини рушди бомароми фаъолияти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, зеро он яке аз самтҳои афзалиятноки иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Дар доираи иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» дар марҳилаи якум - солҳои 2022-2024 таъсиси 22 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 16 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.