Дар Хатлон даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфт

21-11-2023
ДУШАНБЕ, 21.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар вилояти Хатлон даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки гурӯҳи корӣ аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба вилояти Хатлон рафта, дар баргузории олимпиада ба кумитаи тадорукот ёрии методӣ ва амалӣ расонид.
Аз ҷумла, дар муассисаи таълимии №7-и деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус қабл аз оғози олимпиадаи хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва бо ҷалби омӯзгороне, ки хонадагонро барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳо омода менамоянд, ҳамоиши «Хонандаи болаёқат ба омӯзгори болаёқат ниёз дорад» доир гардид.
Омӯзгорони минтақа баргузории ҳамоишро, ки аввалин бор бо иқдоми Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо доир гардид,  саривақтӣ ҳисобида, дархост намуданд, ки минбаъд низ ҳангоми баргузории олимпиадаҳо чунин чорабиниҳои методӣ ташкил шаванд. Зеро қаблан ҳангоми олимпиадаҳо омӯзгорон аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ҷамъ омада, ҷамъбасти олимпиадаро соатҳо мунтазир шуда, ба чунин чорабиниҳо ҷалб намешуданд.
Имрӯз дар ноҳияи Фархор низ чунин ҳамоиш доир гардид.