ДАЛЕРӢ КУН, КИ МАЙДОН АЗ ДАЛЕР АСТ

17-11-2023
Аз 30 октябр то 15 ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гашт. Дар озмун вобаста ба шаш номинатсия 528 нафар довталаб иштирок карданд. Рӯзи аввал аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакон, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон озмун оғоз гардид. Бояд зикр намуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмун тамоми шароиту имконоти зарурӣ фароҳам оварда шуда, дастгоҳу васоити техникӣ, аз қабили монитору компютер ва ноутбукҳо дар хидмати довталабону ҳакамон ва падару модарони иштирокдорони озмун қарор доштанд. Чун ҳарсола падару модарон ба василаи монитор дар ҳуҷраи алоҳида маҳорат ва дониши фарзандони худро ки ҳамчун довталаб дар назди доварон баромад мекарданд, аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳо тамошо мекарданд. Дар раванди ташкилу баругузории озмун ба таври шаффофу одилона Ситоди ҷумҳуриявии озмун таҳти сарварии муовини Сарвазири Ҳукумати ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён амал намуд. Дар номинатсияи адабиёти муосир аз се гурӯҳ 106 нафар довталаб иштирок ва сабқат намуданд. 
Мо бо якчанд нафари онҳо суҳбат оростем. Донишҷӯи курси чоруми коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (ихтисоси фарматсевтӣ) Амина Содиқова изҳор дошт, соли сеюм аст, ки дар озмуни мазкур ширкат меварзад. Як сол то даври шаҳрӣ расида, ду дафъаи дигар дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намудааст. 
– Дар озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок кардан аз як тараф, муаррифии донишу маҳорат ва лаёқат бошад, аз тарафи дигар, бо пирӯзӣ ба даст овардан, ман метавонам сазовори номи донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардам,-гуфт А.Содиқова ва афзуд, ки аслан ҳадафи дувум мароми асосии ӯ аз иштирок дар озмун мебошад. 
А. Содиқова 250 асари насрӣ, 100 зарбулмасалу мақол, 100 латифа, 50 афсона мутолиа карда, 100 ғазал, 150 рубоию­ дубайтӣ, 500 байт аз анвои гуногуни шеър ва 200 байт аз достонҳои шоиронро ҳифзу азбар кардааст. 
Довталаб Фаттона Ғуломова, донишҷӯи курси 4-и ДМТ буда, дар факултети филологияи тоҷик таҳсил мекунад ва иштирокчии номинатсияи адабиёти муосир мебошад. Соли дуюм аст, ки дар озмун иштирок мекунад. Имсол дар даври минтақавӣ (шаҳри Душанбе) ҷойи аввалро аз ин номинатсия ишғол карда, пирӯзӣ ба даст овардааст.
– Ба фикри ман, ҳар як дов­талаб бояд дарк кунад, ки бо иштирок дар озмун вай доираи донишу ҷаҳонбинии худро васеъ мекунад,-мегӯяд Фаттона ва таъкид мекунад, ки мутолиаи бардавоми осори бадеӣ дар ниҳоди шахс эҳсоси худшиносию ватандӯстиро бедор ва тақвият мебахшад. Фаттона Ғуломова довталаби кӯшову серғайрат буда, барои ғолиб омадан дар даври ниҳоӣ аз номинатсияи зикршуда 56 асари насрӣ мутолиа ва 135 ғазал, 354 рубоию дубайтӣ, 1150 мисраъ аз достон ва дигар анвои шеърӣ аз ёд кардааст.
Раҳимҷони Ватанқул яке аз дигар иштирокчиёни озмун ба шумор рафта, донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав, факултети сиёсат ва идораи давлат мебошад. Вай соли дуюм аст, ки дар озмун ширкат меварзад. Соли аввал то даври ҷумҳуриявӣ шарафи иштирок кардан насибаш гардид, аммо дастболо нашуд.
– Дар вақти ҷавоб додан соли аввал худро гум карда, дар қироати шеърҳо ба ғалатҳо роҳ додам, - мегӯяд Р. Ватанқул. - Имсол бо омодагии ҳаматарафа ба даври ниҳоӣ ҳозир шудам. Раҳимҷон барои мутолиаю омӯзиш бахши аъзами асарҳои бадеиро аз устодаш Мадюнус Эмомов дастрас намуда, ҳамчунин, аз китобхонаҳои донишгоҳу маркази шаҳр истифода кардааст. Номбурда 28 роман, 46 повест, 70 ҳикоя, 15 очерк, 10 асари ёддоштӣ хонда, 105 ғазал, 168 рубоию дубайтӣ, 150 байт аз достонҳо ва 200 байт аз дигар анвои шеърӣ аз бар намудааст. 
Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №7-и ноҳияи Ашт Шарифа Мадалиева модари довталаб Шамсия Мадалиева мебошад, ки дар озмун духтарашро ҳамроҳӣ мекунад.
– Ман хатмкардаи факултети филологияи тоҷики ДМТ буда, 28 сол шуд, ки ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик фаъолият мекунам,-мегӯяд муаллима Ш. Мадалиева. – Барои талқини омӯзишу мутолиа ва иштирок дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» духтарамро ҳаматарафа сафарбар намудам. Шамсия донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буда, соли панҷум аст, ки дар озмун иштирок мекунад. Дар даври ҷумҳуриявӣ соли дуюм аст, ки донишу маҳорати худро месанҷад. Имсол дар даврҳои шаҳрию вилоятӣ сазовори ҷойи аввал гардидааст. Шамсия ба адабиёт шавқу ҳаваси зиёд дошта, соҳиблаёқат аст. Дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ғолиб баромадааст.
Шамсия Мадалиева 120 ғазал, 2000 байт аз анвои гуногуни назм, 400 байт аз достонҳо аз бар ва 140 асари насрӣ (драма, очерк, ҳикоя, повест, роман)-ро мутолиа кардааст.
Шоира Нарзиқулова, омӯз­гори биология, мудири кафедраи фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносии коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент буда, шогирдаш, донишҷӯи курси 4-и коллеҷи мазкур Шаҳноза Додхоеваро ҳамроҳӣ мекунад.
Шаҳноза соли сеюм аст, ки дар озмун ширкат мекунад. Соли аввал дар даври шаҳрӣ сазовори ҷойи якум ва дар даври вилоятӣ ба гирифтани мақоми дуюм мушарраф гардид. Вай 30 роман, 55 повест, 7 ҳикоя, 13 драма, 10 очерк, 5 асари ёддоштӣ мутолиа кардаву 120 ғазал, 120 рубоӣ, порчаҳо аз 14 достон дар ҳаҷми 300 байт, 500 байт аз дигар анвои шеърӣ ва 30 рубоии мардумиро ҳифзу азбар кардааст.
– Ман аз муносибат ва суханронии ҳакамон, ки талаботи Низомномаи озмунро риоя мекунанд, хурсандам,-мегӯяд Шаҳноза Додхоева. Ба андешаи довталаб, озмун дар сатҳи баланд, ба таври шаффоф гузаштааст. Дар ҷараёни суҳбат довталабон Салима Ҳайдарова, донишҷӯйи коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтар, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Бохтар (факултети филологияи тоҷик) Ғунчагул Саъдуллоева ва чанд нафари дигар изҳор доштанд, ки асарҳои бешумори насрию назмиро мутолиа намуда, ҳадафашон ғолибият ба даст овардан мебошад.
Дар номинатсияи адабиёти классикӣ 109 нафар дов­талаб аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, иштирок ва маҳорати худро нишон доданд. Дар суҳбат омӯзгори Донишкадаи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Муҳаммад Насруллоев изҳор намуд, ки дар даври ниҳоӣ аз номинатсияи мазкур ду фарзандаш-хонандаи синфи 3-и МТМУ №86-и ноҳияи Сино Мустафо Насруллоев ва хонандаи синфи 4-и ҳамин таълимгоҳ Аҳмадҷон ширкат намуданд. Мустафо 103 ғазал, 158 байт аз достонҳо, 120 рубоӣ ва дубайтӣ, 98 байт аз қасида ва 108 байти дигар аз анвои мухталифи шеърӣ аз бар намудааст. Аҳмадҷон 80 ғазал, 120 рубоию дубайтӣ, 118 байт аз достонҳо, 60 байти қасида аз ёд кардааст. Ҳарчанд фарзандони омӯзгор ҷойҳои аввалро соҳиб нашуда бошанд ҳам, вай изҳори умедворӣ намуд, ки соли оянда онҳо ба тайёрии пухта дар озмун иштирок карда, пирӯзӣ ба даст хоҳанд овард. Хонандаи синфи 9-и МТМУ-и №25-и ноҳияи Шуғнон Сорбон Маҷнунзода гуфт, соли сеюм аст, ки дар озмун иштирок мекунад. Ду сол то даври вилоятӣ расида, маҳорату малакаи худро нишон додаву сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст. Сорбон оянда муҳандис шуданист ва ба мутолиаи осори бадеии классикӣ шавқи беандоза дорад. Бо ин мақсад осори фаровони насрию назмиро мутолиа карда, дар даври ниҳоӣ фаъолона ширкат намудааст. Аз рӯйи номинатсияи ададбиёти ҷаҳон дар озмун 107 нафар иштирок карданд. Аз ҷумла, омӯзгори МТМУ №5-и ноҳияи Мурғоб Абдугапар Орозматов соли аввал аст, ки дар даври ниҳоӣ иштирок мекунад. Мавсуф сабаби маҳз дар озмун аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон ширкат намуданашро дар шавқу рағбати зиёд доштан ба осори адибони ҷаҳон медонад. Вай 63 асари насрӣ мутолиа кардааст. Дар даври вилоятӣ соҳиби ҷойи сеюм гардидааст.
Довталаб Басира Бекмуродова, омӯзгори забони русии МТМУ № 59-и шаҳри Турсунзода буда, соли дуюм аст, ки дар озмун аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон иштирок мекунад.
– Бори аввал соли 2018 то даври шаҳрӣ, имсол ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтам,- изҳор дошт Б.Бекмуродова. Дар даври шаҳрӣ ҷойи дуюм ва даври минтақавӣ мақоми сеюмро соҳиб гардидам. Номбурда факултети филологияи руси Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистонро хатм кардаву осори бешумори адибони ҷаҳонро мутолиа кардааст. 
Довталаб Хурсандой Турсунова, омӯзгори забони англисии МТМУ №1-и ноҳияи Шаҳристон буда, соли сеюм аст, ки дар озмун ширкат мекунад.
– Азбаски ба хонандагон аз забони англисӣ сабақ меомӯзонам, адабиёти ҷаҳонро бисёр мутолиа мекунам,-мегӯяд Хурсандой. – Зиёда аз 90 асари насрӣ хондаам. Довталабон Бороншо Давлатов аз ноҳияи Ванҷ, омӯзгори географияи МТМУ №1-и шаҳри Конибодом Саодат Шарифова ва чанди дигар дар суҳбат изҳор доштанд, ки дар озмун пирӯзӣ насибашон хоҳад шуд. Дар номинатсии эҷоди назму наср 146 нафар (78 нафар аз номинатсияи эҷоди назм ва 68 нафар аз номинатсияи эҷоди наср) иштирок карданд. Тавре ки дар суҳбат раиси ҳакамони номинатсияи эҷоди наср, нависанда Сироҷиддин Икромӣ қайд намуд, маҳорату лаёқати довталабон дар ҳамаи гурӯҳҳо яксон набуда, дар байни онҳо носирони ояндаро ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Мутаассифона, ба андешаи адиб, доираи мутолиаю омӯзиши аксари довталабон маҳдуд буда, онҳо аз нависандагони шинохтаву намоёни ҷаҳон ва муосири тоҷик, инчунин, насри классикии форсу тоҷик огаҳии андаке доранд. 
– Бо вуҷуди ин маро намунаҳои эҷоди насрии як идда довталабон, аз ҷумла, хонандаи синфи 11-и МТМУ №75-и шаҳри Ҳисор Мақсуда Ҳакимзода, хонандаи курси 1-и коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова Субҳия Умархонзода, хонандаи синфи 9-и МТМУ №65-и шаҳри Исфара Ҳизбулло Орипов, хонандаи мактаб-интернати ноҳияи Вахш Меҳрубон Мақсудова, магистранти курси 1-и ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Малоҳат Амакова, докторанти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода Дороҷон Маҳкамов, омӯзгорон С. Салимова аз ноҳияи Ёвон, Нозимҷон Соҳибов аз ноҳияи Деваштич ва чанди дигар хеле писанд омад, – гуфт С. Икромӣ.
Бояд хотиррасон намуд, ки имсол дар номинатсияҳои эҷоди назм ва наср дигаргунӣ ворид карда шуд. Довталабон аз номинатсияи эҷоди наср тариқи қуръапартоӣ доир ба мавзуи мушаххас эссе (иншо) навиштанд. Дар номинатсияи эҷоди назм таълифи шеър бо пешниҳоди ду мисраъ ба ҳар як довталаб ба роҳ монда шудааст.
– Пешниҳод доштам, ки шуруъ аз соли оянда дар номинатсияи эҷоди наср миқдори осори насрии хондашудаи дов­талабон ворид карда шуда, синну соли иштирокдорон ба назар гирифтаву аз 50-55 убур накунад, - изҳор намуд раиси ҳакамон аз номинатсияи зикр­шуда С. Икромӣ.
Довталабон, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №6-и ноҳияи Вахш Садафмоҳ Абдуназарова аз номинатсияи наср, омӯзгори МТМУ №2-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Кароматулло Садиров, донишҷӯйи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Баҳманёр Худойбердиев, Нодира Назарӣ аз шаҳри Истиқлол аз номинатсияи эҷоди назм иброз намуданд, ки мақсад аз иштирокашон дар озмун ғалаба ба даст овардан мебошад. 
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»