БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҲИМ САИДЗОДА АЗ ДОНИШКАДАИ САНОАТ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

07-07-2023
7 июли соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ боздид намуд. Вазири маориф ва илмро роҳбарият ва кормандону устодон дар саҳни донишкада истиқбол намуданд. Раҳим Саидзода бо шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи таҳсил дар донишкада шинос шуда, ба лабараторияву синфхонаҳои дорои шароиту имкониятҳои меъёрӣ баҳои баланд дод. Ҳамчунин иброз намуд, ки дар ҷавоб ба чунин имкониятҳои фароҳамшуда аҳли роҳбарият ва кормандони донишкадаро зарур аст, ки софдилона аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода бурда, барои таёр намудани мутахассисони дорои дониши хуб ва ба талаботи бозори меҳнати дохиливу ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва аз худ намудани забонҳои русиву англисӣ камари ҳиммат банданд. Дар баробари ин барои беҳтар шудани сифати таълим ва андӯхтани таҷрибаи кофӣ ташкили парки технологӣ дар назди донишгоҳ зарур мебошад.
Ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки имрӯз Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ ҳамкориҳояшро бо муасссисаҳои таҳсилоти касбии олии дохилу хориҷи мамлакат густариш дода, ихтисосҳои рақобатпазири бозори меҳнатро ҷорӣ намуда истодааст. Дар доираи ҳамкориҳо дар донишкада таҳсилотӣ дуалӣ ба роҳ монда шуда, фаъолият дар ин самт густариш меёбад.
Ҳамзамон қайд шуд, ки ихтисосҳои:
1-79 01 33 – технология ва техникаи дандонсозӣ;
1-48020102 – технологияи таркиби доруворӣ, витаминҳо ва ферментҳо;
1-950108 – истифодабари нақлиёти ҳавоӣ, идоракунии ҳаракатҳои ҳавоӣ;
1-950202 – истифодабарии дастгоҳҳои парвозкунандаи беҳавонавард (муҳандис, мутахассис оид ба идоракунӣ);
1-950208 – истифодабарии техникии дастгоҳҳои парвозкунандаи идорашаванда ва механизмҳои қудратии онҳо (муҳандис-мутахассиси идоракунӣ) дар фурсати кӯтоҳ ҷорӣ гардида, мутахассисон дар самт омода мешаванд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҳимзода бо роҳбарияту кормандон ва омӯзгорони донишкада мулоқот карда, иброз дошт, ки мутахассисони варзида ва соҳибихтисос омода намуда, дар таъмини онҳо бо ҷои корӣ дар доираи имконият саҳмгузорӣ намоед.