БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ПАНҶ

02-11-2022
Санаи 2-юми ноябри соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорию китобҳои дарсӣ ва омодагии муассисаҳо ба фасли зимистон вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4 ва №27 ноҳияи Панҷ дидан намуд.
Нахуст, вазир дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 аз синфхонаҳои таълимӣ ва осорхона дидан намуда, роҳбарияти муассиса иттилоъ доданд, ки дар он 46 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғул буда, норасоии кадрӣ ҷой надорад. Инчунин, ба мушоҳида расид, ки заминҳои назди муассиса самаранок истифода мешаванд.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса норасоии китобҳои дарсӣ мавҷуд аст.
Вазири маориф ва илм дар ин муассиса бо омӯзгорон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, дархосту пешниҳодҳои омӯзгоронро ҷиҳати рушди соҳаи маориф шунид.
Дар идомаи сафари корӣ вазири маориф ва илм Р.Саидзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 дидан намуд.
Ёдовар мешавем, ки ташрифи вазир ба муассисаи мазкур бо пешниҳоди яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корбари шабакаҳои иҷтимоӣ Лолаи Саидакбар сурат гирифт.
Дар муассиса норасоии омӯзгорон ҷой надошта бошад ҳам, аммо норасоии мизу курсӣ барои нишасти хонандагон ба мушоҳида расид ва ҳолати физикии муассиса нигаронкунанда аст. Маълум гардид, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба истиснои музди маош барои дигар самтҳои пешбурди фаъолияти муассиса маблағи зарурӣ ҷудо намегардад. Ҳарчанд таъмир ва нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.
Зимни боздиди вазир иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса сохтмони толори варзишӣ идома дошта, иқдоми мазкур аз ҷониби сокинони деҳа роҳандозӣ шудааст.
Баъд аз шиносоӣ аз муассиса  вазир бо омӯзгорону кормандон суҳбати озоду самимӣ анҷом дод. Дар баробари шунидани дархосту пешниҳоди иштирокдорон, инчунин, ба коллективи омӯзгорон ваъда дод, ки дар рӯзҳои наздик аз ҷониби Вазорати маориф ва илм мизу курсӣ барои 100 ҷойи нишаст, 4 тахтаи синф ва 4 ҷевон туҳфа карда мешавад. 
Дар рафти суҳбат бо омӯзгорони ҳарду муассиса аз ҷониби вазири маориф ва илм даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф фаъолиятро дучанд ба роҳ монда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, омода намудани хонандагон барои иштирок дар озмуну олипиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштани муҳити муассисаи таълимӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони хуби забондон бештар саҳмгузор бошанд.