БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХОРУҒ ВА НОҲИЯИ РӮШОНИ ВМКБ

30-05-2022
Тибқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Ҷалолиддин Амиров ва директори Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон Умед Чоршанбезода рӯзҳои 27-30-уми майи соли 2022 аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ дидан намуданд. 
Нахуст, гурӯҳи корӣ бо раиси шаҳри Хоруғ вохӯрда, оид ба вазъи муассисаҳои таълимии шаҳр, раванди омодагӣ ба аттестатсияи хатм ва имтиҳонҳои ҷорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ суҳбат намуд. 
Сипас, муовини вазир дар муассисаҳои таълимии №№5, 6, 7, 8, Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ва раёсати маорифи вилоят бо омӯзгорону мутахассисон ва донишҷӯён суҳбату вохӯрӣ доир намуда, вобаста ба саволу дархостҳои онҳо дар робита ба имтиҳонҳои хатм ва ҷорӣ, қабул тариқи Маркази миллии тестӣ, қабул ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷ, норасоии китобҳо ва маводҳои таълимӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ посухҳои мушаххас дод.
Гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Рӯшон бо муовини соҳавии раиси ноҳия Лайло Чоршанбезода, мудири шуъбаи маориф ва кормандони шуъбаи маориф вохӯрда, бо вазъи таълиму тарбия ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсили хонандагону фаъолияти муассисаҳои таълимӣ шинос гардид. Баъдан, дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Рӯшон бо вазъи зист ва таълиму тарбияи кӯдакони ятим шинос шуда, барои зери назорати доими қарор додани кӯдакони ятим ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия, роҳбарият ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. 
Муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон пурра фаъолият намуда, дарсу машғулиятҳо дар онҳо идома доранд. Ҳамазмон, мушоҳида гардид, ки рӯзи 29-уми май дар доираи фармоиши раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳама омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯён фориғ аз дарс ба шанбегӣ баромада, дар тозаю озода намудани муассисаҳои таълимӣ, гирду атрофи онҳо ва шаҳру ноҳияҳои худ бо руҳияи болида саҳм гузоштанд. 
Хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон аз сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос ва қадрдонӣ намуда, барои бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намудани аттестатсияи хатм ва имтиҳонҳои ҷорӣ, саҳм гирифтан дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муассисаҳои таълимӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон –ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» изҳори омодагӣ намуданд.