БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №25-И НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

28-10-2023
28 октябри соли равон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода ба истифода дода шуд.
Зимни баистифодадиҳӣ иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншооти мазкур дар доираи маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба нақша гирифта шуда, иншоот ба Нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид гардидааст. Он аз бинои таълимии 2-ошёна иборат буда, барои 192 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи якуми он 4 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраи кории директор ҷойгир карда шуда, дар ошёнаи дуюми он ҳуҷраи муаллимон, синфхонаи компютерӣ ва 4 синфхонаи таълимии дигар тарҳрезӣ гардидааст. Муассисаи пурра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла, 13 адад компютер ва 2 адад принтер таъмин карда шудааст. Ҳамзамон, тибқи лоиҳа дар ҳудуди қитъаи замини муассисаи таълимӣ бинои анбор ва дегхона барои таъмини муассиса бо гармӣ сохта ба истифода дода шудааст. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Сармоя Лоиҳа» таҳия гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Манзили Кӯҳистон» иҷро намудааст. Дар муассисаи таълимии мазкур 470 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 31 нафар омӯзгор ба онҳо таълим медиҳанд.
Дар охир раиси ноҳияи Деваштич, вазири маориф ва илм, омӯзгорони собиқадор, хонандагони фаъол ва сокинони деҳа дар ҷамъомади идона суханронӣ намуда, баистифодадиҳии чунин бинои наву замонавиро далели сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон карданд.
Дар анҷом Раҳим Саидзода бо омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигӣ суҳбати гарму самимӣ намуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон