БАРРАСИИ ВАЗЪИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ ОЯНДА

09-03-2024
9 марти соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ноҳияи Кӯшониён ҷаласаи гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо иштироки мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари  вилояти Хатлон баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома, нахуст, дар ҷаласа вазъи иштироки хонандагон дар дарсҳо, иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ ва сатҳу сифати дониши хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо бо пешниҳод гардидани гузориши муфассал аз ҷониби сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Шарофиддин Асомиддинзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи дастури раиси ҷаласа, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф зимни баррасии масъалаҳо, дар баробари муаррифии дастовардҳо, бештар ба проблемаву мушкилоти ҷойдошта, махсусан, роҳ надодан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ барои наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи асосӣ равона карда шуд.
Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа оид ба ислоҳи камбудиҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат, вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман " изҳори назар кард. Ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст. 
Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ин дар ниҳоди хонандагон ҷой кардани ҳуввияти миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва пос доштани ҳар зарра хоки он буд. Қайд гардид, ки маҳз илму дониш метавонад дар зеҳни хонандагон эҳтиром ба арзишҳои олии инсонӣ ва арзишҳои миллиро бедор намояд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар самти таълими хонандагон, рӯ овардани онҳо ба китобу китобхонӣ бештар заҳмат кашем. Маҳз китоб метавонад ҷаҳонбинии хонандагонро васеъ намояд.
Муовини вазири маориф ва илм иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои таҳсили наврасону ҷавонон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем.
Дар охир аз ҷониби ҳозирин баҳри рафъи камбудиҳо таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид ва раиси ҷаласа ба масъулин ҷиҳати ба инобат гирифтани пешниҳодҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон