БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ЭЪТИРОФИ БАРОБАРАРЗИШИИ ДИПЛОМҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН

19-04-2024
Масъалаи эътирофи баробарарзишии дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дараҷаву унвонҳои илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин Хуай Сизин Пэн, ки имрӯз, 19-уми апрели соли 2024 дар ҳошияи Ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Москва баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки дар ин маврид лоиҳаи Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳоли коркард ва баррасии вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар қарор дорад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз рушди босуръати ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, дар баробари ин, ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳоро таъкид доштанд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки ҷониби Тоҷикистон мақсад дорад, ки дар доираи баргузории конфронси якҷояи Тоҷикистону Чин таҳти унвони “Омӯзиши муносибатҳои таърихии дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин” 50 нафар олимони чиниро ба Тоҷикистон даъват намояд. Ин иқдом аз ҷониби вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба хушнидӣ пазируфта шуд.
Боиси зикр аст, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои илму маориф дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ, дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007 ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин беш аз 2000 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил менамоянд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон