БАРГУЗОРИИ КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23-11-2023
23 ноябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- назариявӣ баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарону кормандони муассисаҳои тобеъ ва олимону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас вазири маориф ва илм ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфта, ҳамзамон, қайд кард, ки парчам рамзи озодии миллат, ифтихори миллӣ ва ҳисси баланди меҳандӯстиву хештаншиносӣ ба шумор меравад.
- Парчам дар тӯли садсолаҳо мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдорӣ мақому манзалати махсус дорад. Вақте ба таърихи гузаштаи халқамон назар меафканем, мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми сарзамини худ ҷонбозиҳо кардаанд. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ба ҳисоб меравад,-зикр кард Раҳим Саидзода.
Дар конференсия, ҳамчунин, маърузаи Ализода Баҳриддин – доктори илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Парчам – рамзи муҳимми давлатдорӣ”, Шарипов Ҷамолиддин – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Парчам – муаррифгари миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик” ва Маҳмудов Давлатшо – омӯзгори калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Аз таърихи қабули парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол” шунида шуд.
Дар фарҷоми конференсия Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки эҳтироми аҳли маорифи кишвар ба рамзҳои давлатӣ, хусусан, Парчами давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки баҳри рушди бемайлони соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла беҳтар гаштани сифати таҳсилот дар кишвар ва таълиму тарбияи дурусту мукаммали насли наврасу ҷавон тамоми саъйю талоши худро ба харҷ дода, хонандагону донишҷӯёни тоҷик зимни иштирок дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ тавассути афрохтани Парчам кишвари азизамон – Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон