БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ОМИЛИ РУШДИ ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА МАЪНАВИИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН»

26-02-2024
Имрӯз дар толори Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ ва эълон шудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ омили рушди тарбияи ахлоқӣ ва маънавии кӯдакону наврасон» баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ), Иттиҳоди Аврупо, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, роҳбарони Созмонҳои хонандагон ва хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар идома, Зиёдулло Абдулзода зимни сухани ифтитоҳӣ қайднамуд, ки дар кишвар шуруъ аз соли 2000-ум 26 феврал ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҷлил мешавад, ки дар ин рӯз хонандагони фаъол ба узвияти созмони мазкур аз рӯйи зинаҳои «Ахтарон», «Ворисони Сомониён», «Сомониён» қабул мешаванд. Ҳамзамон барои амалигардони «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии кӯдакону наврасон аз ҷониби Вазорати маориф ва илм озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ – оини худшиносӣ» дар соли 2024 миёни хонандагони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таълимӣ баргузор мегардад.
Сипас маърузаҳои намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники милитсия Шоҳиён Абдулло оид ба «Ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакон ва тарбияи ахлоқӣ ва маънавии онҳо», намоянда аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Суҳайлӣ оид ба «Ҳуқуқи кӯдак ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ», намояндагони Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ), Иттиҳоди Аврупо ва баромадҳои раисони Шурои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шунида шуд.
Гуфта шуд, ки Созмони хонандагон ташкилоти худидоракунии хонандагон маҳсуб ёфта, таълимгирандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, муносибатҳои бошуурона ба меҳнат ва моликияти ҷамъиятӣ, эҳтиром ба таърих, фарҳанг, анъанаю расму оинҳои миллӣ ва эҳтироми ақаллиятҳои миллӣ тарбия намуда, дар инкишофи нерӯи зеҳнии хонандагон таъсири мусбат мегузорад.
Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 1 млн. 143 ҳаз. 563 нафар хонанда аъзои фаъоли Созмони хонандагон мебошанд, ки аз ин шумора 421010 нафарро зинаи «Ахтарон», 522605 нафарро зинаи «Ворисони Сомониён» ва 196948 нафарашонро зинаи «Сомониён» ташкил медиҳанд.
Қабл аз баргузории конференсия дар майдони марказии пойтахт 200 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагон ба сафи созмони мазкур қабул гардиданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
ҶумҳурииТоҷикистон