БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ НОЯБР

21-11-2023
21 ноябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи назоратии Вазорати маориф ва илм дар моҳи ноябр баргузор гардид. Дар он сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон,  ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо  ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода зикр намуд, ки татбиқи стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ ва саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳо ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани соҳаи маорифи кишвар замина мегузорад. Мо кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки барои дар сатҳи хуб татбиқ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва назорати амалишавии он ба таври зарурӣ фаъолият намуда, тамоми иқтидори худро сарф намоем.
Сипас ҳисоботи сардори раёсати  сохтмони асосии назди вазорат Б.Файзуллозода оид ба вазъи иҷрои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 31.10.2022, №553 тасдиқ шудааст, шунида шуд. 
Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаи мазкур қайд намуд, ки сохтмон, таъмир ва азнавбарқароркунии муассисаҳои таълимии дар ҳудуди вилоят буда, тибқи барномаи мазкур бомаром идома дошта, то кунун натиҷаҳои назаррас ба даст омадааст. Ҳамзамон баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, риояи талаботҳои муқарраршудаи соҳа дар ин самт дар тақвияти нерӯи зеҳнии кӯдакону наврасон аз омилҳои таъсиррасон дар рушди соҳа ба ҳисоб меравад.
Дар идома ҳисоботҳои сардори раёсати маорифи вилояти Суғд М. Набизода ва сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғ. Сафарзода оид ба ҷамъбасти ҳисоботҳои омории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва ҳисоботи ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф Ҷ. Намоззода оиди ҳолати аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани кадрҳои роҳбарикунандаи раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шунида шуд. Гуфта шуд, ки дар вилоятҳои Суғду Хатлон ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак хуб арзёбӣ шуда, дар бахши таҳсилоти миёна низ дастовардҳо дида мешаванд. Ҳамчунин ҷалби бештари кадрҳои роҳбарикунандаи раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисањои таҳсилоти умумӣ ба курсҳои такмили ихтисос дар беҳтар гардидани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.
Дар охир, раиси ҷаласа, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, инчунин, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорию китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти таъмини хонандагон ба ғизои мактабӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон