БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ СЕНТЯБР

29-09-2023
29 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, сардорони сарраёсату раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Раҳим Саидзода ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуда, иброз дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи маорифи кишварро мебояд барои рушди соҳа, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, таълими босалоҳият дар раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд.
Раиси ҷаласа вобаста ба масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 махсус қайд намуд, ки маводи сӯхт дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ, махсусан, дар ноҳияҳои кӯҳистон ба таври кофӣ бояд захира карда шавад. Захиракунии маводи сӯхти дар нақша пешбинишуда аз ҷониби раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат зери назорати ҷиддӣ қарор гирифта, аз натиҷааш мунтазам маълумотнома пешниҳод гардад.
Дар идома ҳисоботи директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ М. Давлатзода оиди ба баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи «Низомнома дар бораи аттестатсияи ҷамъбастӣ, хатм ва додани шаҳодатнома ба таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ» шунида шуд.
Дар рафти баррасии масъалаи мазкур вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҷиҳати фарогирии бештари хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, таҳияи нақшаву дурнамо, ҳавасмандгардонии хонандагон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва тақвияти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бояд чораандешӣ шавад.
Сипас гузоришҳои сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломӣ Н. Мирзозода оид ба муқаррар намудани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2023, №4/32 шунида шуд.
Зимни баррасии ин масъала Раҳим Саидзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои тақдими стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тартибу низоми гирифтани стипендия ва дигар имтиёзу ҳавасмандгардониҳои муайянгардида ҷалб намуда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро дар сиёсати давлатии хеш дар мақоми аввал гузоштааст. Маҳз стипендияи президентӣ барои хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимӣ, ташкили квотаҳо, баргузории озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ исботи гуфтаҳои болост.
Дар идома масъалаҳои китоби дарсии «Забони англисӣ» барои хонандагони синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: П. А. Ҷамшедов, К. Алидод-хонова, С. Хоҷаева, С. Ҷоматов, С. Насруддинов, Ф. Баротзода, Ш. Каримов), китоби дарсии «Технологияи иттилоотӣ» барои хонандагони синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Комилиён Файзалӣ, Файзализода Баҳрулло), воситаи таълими «Фурӯғи одамият аз китоб аст» барои иштироккунандагони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (муаллиф: Тоиров Урватулло), китоби дарсии «Асосҳои назарияи эътимоднокии раванди нақлиёти автомобилӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: А. М. Умирзоқов, Ф. Ҳ. Маҳмудова, Ҳ. Б. Ҳусейнов, А. Л. Бердиев), китоби дарсии «Бехатарии воситаҳои нақлиёт» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: А. М. Умирзоқов, Ҳ. Б. Ҳусейнов), китоби дарсии «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатҳои хориҷӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Камолиддинов Саҳобиддин, Саидова Дилором Насимовна), китоби дарсии «Таърихи асримиёнагии мамлакатҳои ҷаҳон» барои донишҷӯёни факултетҳои таърих ва ҳуқуқи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Негматов Давлатшо), китоби дарсии «Химияи органикӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Самиев Машариф, Баҳроми Дилшод), китоби дарсии «Ҷузъиёти мошинҳо ва асосҳои конструксиясозӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон; У. П. Исоев, А. Н. Шоҳиён, Н. Р. Амиров) ва китоби дарсии «Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн, Қудратов Некрӯз Абдунабиевич, Раҳматҷонзода Рифат Раҳматҷон, Қодирзода Тоҳир Қамар, Рустамзода Муҳаммадалӣ Рустам) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон