БА ИСТИҚБОЛИ НОМБАРДОРОНИ КИШВАР

21-11-2023
 Шоми 21 ноябр Ҳусайн Салимов, Ҳусейн Ғуломзода ва Сайида Абдуҳамидова, ки дар "Олимпиадаи кушоди ҷаҳонӣ" иштирок карда, медалҳои ин озмуни байналмилалиро ба даст оварданд, ба Ватан баргаштанд. 
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ғолибонро роҳбарияти  МД "Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо", марказҳои дарёфт ва рушди шаҳри Душанбе ва чор ноҳияи он, роҳбарияти Литсей барои хонандагони болаёқати ноҳияи Сино, омӯзгорон ва волидайни хонандагон  бо шукуҳу шаҳомати хосса ва гулу гулдастаҳо истиқбол гирифтанд.
Муҳаммадҷон Ғафорзода директори МД "Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо"  зимни пазироӣ ва суҳбат бо ғолибони озмуни Open International Astronomy (OWAO 2023)  ба иштироки фаъолона ва пирӯзии бесобиқаи онҳо баҳои баланд дод.
Гуфта шуд, ки самараи истиқлолу ягонагист, ки имрӯз насли наврас ба илму дониш таваҷҷуҳи зиёд доранд ва боварӣ ҳаст, ки фардои кишвар бо доштани чунин наврасони илмдӯст дурахшон хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки "Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия" рӯзҳои 14-21 ноябри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия аз фанни астрономия миёни 14 кишвари дунё баргузор гардид, ки бори аввал дар чунин сабқати зеҳнӣ се хонандаи тоҷик пирӯзӣ ба даст оварданд.

Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо