АППЕЛЯТСИЯ: ШАФФОФИЯТ ДАР МАДДИ АВВАЛ

31-03-2024
 Имрӯз дар МДТ "Мактаби байналмилалии Президентӣ"-и ш. Душанбе комиссияи апеллятсионӣ ҷиҳати баррасии муроҷиатҳои иштирокдорони  даври сеюми Олимпиадаҳои фаннии хонандагон барои синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии кишвар ташкил гардид. 
 Ҳайати комиссияи апеллятсионӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД "Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо" ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян гардида, ҷиҳати таъмини шаффофият ва расидагӣ намудан ба муроҷиатҳои иштирокдорони Олимпиада мусоидат менамоянд.
 Бояд гуфт, ки ба апеллятсия танҳо ҳамон иштирокчие роҳ дода мешавад, ки холҳои бадастовардааш беш аз 40 балл мебошад. Дар раванди апеллятсия   комиссияи апеллятсионӣ аризаҳоро оид ба розӣ набудани довталаб аз натиҷаи  Олимпиадаҳои фаннии хонандагон қабул ва баррасӣ намуда, сипас довталабон бо кори худ шинос мешаванд ва ҳангоми муайян гардидани ғалатҳои механикӣ ба онҳо холи иловагӣ зам карда мешавад.  
 Бояд гуфт, ки апеллятсия танҳо як рӯз идома ёфта, комиссияи апеллятсионӣ пас аз ҷамъбасти кори худ холи умумии иштирокдоронро муайян менамоянд ва  натиҷаҳои ниҳоӣ эълон карда мешаванд.