ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21-10-2023
21октябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Наврӯз Мирзозода, раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода ва раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф Зулҳия Нозакзода иштирок доштанд. Дар ҷаласа ҳамчунин муовинони раисони ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, сардорон ва кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, мудирони шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъул ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат доштанд.
Нахуст Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон” оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.
Сипас гузориши сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Асомиддинзода Шарофиддин “Оид ба вазъи соҳаи маорифи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон” шунида шуд. Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба пешниҳоди омори дақиқ аз ҷониби шуъбаҳои маориф, аз аттестатсияи ғайринавбатӣ гузаштани роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ, зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, бозомӯзии мураббиён, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фаро гирифтани омӯзгорони дорои ихтисосҳои ғайрипедагогӣ, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ”Тоҷикон” – ойинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизам” ва дастгирии омӯзгорони онҳо равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод.
Дар идома вобаста ба масъалаҳои баррасишуда муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода ва раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф Зулҳия Нозакзода суханронӣ намуда, баргузории чунин ҷаласаро амри зарурӣ маънидод карданд. Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ноҳияҳои вилояти Хатлон муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст. Аҳли маорифи вилоятро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириҳо ба таълиму тарбия диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ҷаласа  омӯзгорону фаъолони соҳа ба унвони "Аълочии маорифи Тоҷикистон", Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон