ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ ОКТЯБР БАРГУЗОР ГАРДИД

24-10-2023
24 октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода дар толори Вазорати маориф ва илм ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, директорони мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидошта, сардорону мудирони сарраёсату раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст Зиёдулло Абдулзода ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда иброз дошт, ки татбиқи стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ ва саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳо ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани соҳаи маорифи кишвар замина мегузорад. Мо кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки барои дар сатҳи хуб татбиқ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва назорати амалишавии он ба таври зарурӣ фаъолият намуда, тамоми иқтидори худро сарф намоем.
Сипас ҳисоботи сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода оид ба вазъи таълиму тарбия, ҳолати ҳуҷҷатдорӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидошта шунида шуд.
Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаи мазкур қайд намуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тарғибу ташвиқи китобхонӣ ва риояи талаботҳои муқарраршудаи соҳа дар ин самт дар тақвияти неруи зеҳнии муҳассилини мактаб-интернатҳо саҳми арзанда мегузорад.
Дар идома и.в. сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Б. Ҳасанзода оид ба рафти иҷрои бандҳои Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023-и Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар вилояти Суғд суханронӣ намуд.
Дар охир, раиси ҷаласа, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, инчунин, таъмини мактабинтернатҳо бо омӯзгорони варзида, таҳияи нақшаи солона, риояи талаботҳои ҳуҷҷатнигорӣ, ташвиқу тарғиби китобхонӣ дар мактаб-интернатҳо, омода намудани мутахассисони имову ишора, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти таъмини хонандагон ба ғизои мактабӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон