ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

27-05-2022
27-уми майи соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, мудирони шуъбаҳои маорифи як қатор шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласа гузориши сармутахассиси раёсати иқтимод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф Х.Турахонов “Оид ба баррасии пешниҳод оид ба меъёрҳои маблағгузории ғизои мактабӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва индексатсияи онҳо дар доираи меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ”, гузориши сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Ҷ.Бобоҷонов “Оид ба санҷиши фаъолияти Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон”, гузориши сардори раёсати илм ва инноватсия С.Ниёзӣ “Оид ба натиҷаи ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, гузориши директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Суғд Д.Исмоилзода “Оид ба ҳисоботи директори Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и вилояти Суғд оид ба фаъолияти марказ дар соли 2021 ва 3-моҳаи якуми соли 2022” ва гузориши сардори раёсати сохтмони асосӣ Д.Сафарзода “Оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонии иншооти соҳаи маориф, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи Вазорати маориф ва илм амалӣ карда мешавад” шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаҳо, вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷалби бештари донишҷӯён ба озмунҳо, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф, тибқи тартиби муқарраргардида ба анҷом расонидани соли таҳсил ва баргузор намудани имтиҳоноти хатм ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.