ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «“ТОҶИКОН” - ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» БАРГУЗОР ГАРДИД

14-11-2023
14 ноябри соли 2023 ҷаласаи навбатии комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «“Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат» бо иштироки раиси комиссияи озмуни мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он аъзои комиссияи мазкур иштирок доштанд.
Дар аввал оид ба даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун ва корҳои анҷомдодашуда дар самти омодагӣ ба гузаронидани даври чоруми озмуни мазкур котиби комиссия, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед баромад карда, омодагии Вазорати маориф ва илмро дар самти баргузор намудани озмун иброз намуд.
Сипас атрофи масъалаи омодагиҳо ба даври чорум, тасдиқи рўйхати њайати њакамон, комиссияи аппелятсионӣ ва масъулон, тасдиқи ҷадвали баргузории даври чоруми озмун ва тартиби баргузории озмун аъзои комиссияи озмун фикру назари худро иброз намуданд. 
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки дар ҷараёни гузаронидани даври чоруми озмун бояд ба ягон хатогӣ ва камбудӣ роҳ дода нашавад, ҷиҳати баргузорӣ ва шаффофияти он назорати ҷиддӣ ва доимӣ ба роҳ монда шавад.
Дар охир ҳайати ҷаласаи озмун қарорҳои дахлдор ҷиҳати баргузории даври чоруми он ва андешидани чораҳои зарурӣ қабул намуд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории даври чоруми озмуни «“Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат» тариқи барномаи махсуси компютерӣ, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳия гардидааст, дар назар аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон