ҶАЛАСАИ КОРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ БО МАҚСАДИ ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

02-04-2024
Имрӯз, 2-юми апрели соли 2024 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ҷаласаи кории вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо аҳли маорифи шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм, директорон ва муовинони директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат, раисони кумитаҳои падару модарони муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби вазири маориф ва илм ва раиси шаҳри Ваҳдат масъалаҳои иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", ҳифзи манфиатҳои соҳа, гирифтани пеши роҳи гаравидани хонандагону омӯзгорон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, пешгирии низоъҳои дохилимактабӣ миёни хонандагон, беҳтар намудани фаъолияти кумитаҳои падару модарон, риояи либоси тавсиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, бо худ овардани китобҳои дарсӣ ҳангоми дарс аз ҷониби хонандагон, истифодаи самараноки китобҳои дарсӣ ва маводди таълим, пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани саводи расонаии хонандагону омӯзгорон, пешгирии ҷалби омӯзгорон ба кору фаъолиятҳои беруназмактабӣ, иштироки фаъоли хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, иштироки хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман", тарбияи ватандӯстии хонандагон, пешгирии гаравидани хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, роҳ надодан ба андешаҳои хурофотӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони варзида, риояи талаботи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" вобаста ба ӯҳдадориҳо дар мавриди таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, фарогирии бештари хонандагон ба таҳсилоти иловагӣ, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ аз ҷониби хонандагон ва омӯзгорон, сохтмону азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти фаннӣ, таъмини муассисаҳои таълимии навсохт бо мизу курсӣ, бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи сарфакоронаи обу барқ дар муассисаҳои таълимӣ ва манзилҳои зист, муайян намудани муассисаҳое, ки хатмкунандагонашон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил нагардидаандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар охир вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳо ва беҳтар намудани фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон