ҶАЛАСАИ КОРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ҶАМОАТИ ЯЗҒУЛОМИ НОҲИЯИ ВАНҶ БАРГУЗОР ГАРДИД

27-04-2024
Имрӯз, 27-уми апрели соли 2024 дар ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ ҷаласаи кории вазири маориф ва илм баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм, директорон ва муовинони директорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории ҷаласа, пеш аз ҳама, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим буда, дар он вазъи феълии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ, махсусан, ҷамоати деҳоти Язғулом мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузории чунин ҷаласаҳои кории сайёрро дар амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат амри зарурӣ донист.
Дар идома гузориши муфассали сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Шарофиддин Асомиддинзода оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ шунида шуд. 
Зимни баррасии масъалаи таълиму тарбия вазири маориф ва илм, иброз дошт, ки пеш аз ҳама фарогирии пурраи хонандагон ба таҳсил дар ноҳияи Ванҷ дар мадди назар аст. Тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" таҳсилоти миёнаи умумиро ҳамчун зинаи ҳатмии таҳсил муайян намудааст. Аз ин рӯ, ҷалби хатмкунандагони синфи 9 ба таҳсил дар синфи 10 дар асоси қонун бояд пурра ба роҳ монда шавад. Ба идомаи таҳсили хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар низ бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.
Аз ҷониби вазири маориф ва илм масъалаҳои иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", гирифтани пеши роҳи гаравидани хонандагону омӯзгорон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, беҳтар намудани фаъолияти кумитаҳои падару модарон, ёбо худ овардани китобҳои дарсӣ ҳангоми дарс аз ҷониби хонандагон, истифодаи самараноки китобҳои дарсӣ ва маводди таълим, баланд бардоштани саводи расонаии хонандагону омӯзгорон, иштироки фаъоли хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман", тарбияи ватандӯстии хонандагон, роҳ надодан ба андешаҳои хурофотӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони варзида, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, фарогирии бештари хонандагон ба таҳсилоти иловагӣ, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ аз ҷониби хонандагон ва омӯзгорон, сохтмону азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти фаннӣ, таъмини муассисаҳои таълимии навсохт бо мизу курсӣ, бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани муассисаҳое, ки хатмкунандагонашон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил нагардидаанд ва чанде дигар мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷаласа миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои судманд ироа гардид. Бо ба инобат гирифтани пешниҳодҳо вазири маориф ва илм иброз дошт, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии ҷамоат мизу курсӣ барои 100 ҷойи нишаст ва 4 кабинети фаннии муосир барои 4 муассисаи таълимӣ тақдим карда мешавад.
Дар охир омӯзгорон - собиқадорони соҳа, ки тӯли солҳо дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузошта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, бо нишони "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон" ва "Ифтихорнома" сарфароз гардонида шуданд.

Маркази матбуоти
 Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон