ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

11-08-2023
11 августи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм  ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он Матлубахон Сатториён - раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини Сарвазири кишвар, Раҳим Саидзода - вазири маориф ва илм, аъзоёни комиссия, ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун, комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Сараввал Матлубахон Амонзода ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон, ва масъулони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шинос намуд. 
Сипас, Раҳим Саидзода доир ба омодагиҳо ба даври сеюм ва тартиби баргузории он маърӯза намуда, зикр кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи  доноӣ  китоб  аст» соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде ширкат меварзанд ва он дар дарёфти чеҳраҳои наву наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамояд. 
Дар рафти ҷаласа, ҳамчунин, аз аъзои ҳакамон дархост ба амал оварда шуд, ки дар рафти озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳогузорӣ карда, нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд. 
Инчунин, таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад. 
Гуфта шуд, ки даври сеюми озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 14-ум то 26-уми августи соли равон баргузор мешавад.

Маркази марбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон