ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

26-10-2023
26 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он Матлубахон Сатториён - раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини Сарвазири кишвар, Раҳим Саидзода - вазири маориф ва илм, аъзоёни комиссия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Сараввал Матлубахон Сатториён ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шинос намуд.
Сипас, Раҳим Саидзода доир ба омодагиҳо ба даври чорум ва тартиби баргузории он маърӯза намуда, зикр кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде ширкат меварзанд ва он дар дарёфти чеҳраҳои наву наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамояд. Имсол дар даври ҷумҳуриявии озмун 528 нафар иштирок менамоянд, ки далели таваҷҷуҳи зиёди ҷониби ҷомеа ба ин озмун аст.
Дар рафти ҷаласа, ҳамчунин, дархост гардид, ки дар рафти озмун шаффофият таъмин карда шавад ва аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузошта шавад.
Инчунин, таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.
Гуфта шуд, ки даври ниҳоии озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе аз 30 октябр оғоз мегардад (маълумот пурра карда мешавад).

Маркази марбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон