ҶАЛАСАИ АЪЗОИ КОМИССИЯИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" БАРГУЗОР ГАРДИД

13-11-2023 13 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҷлиси аъзои комиссияи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" таҳти раёсати раиси озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баргузор гардид.
 Сараввал ҳисоботи муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода вобаста ба баргузории даври чоруми озмун шунида шуд.
Сипас Матлубхон Сатториён ба аъзои комиссия ва ҳакамони шоҳҷоизаи озмун ҷиҳати шаффоф баргузор намудани он дастуру супоришҳои мушаххас дод.