ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ МАРТ БАРГУЗОР ГАРДИД

28-03-2024
28-уми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, директорони муассисаҳои типпи нав ва дигар шахсони масъул тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат намуданд.
Сараввал, вазири маориф ва илм ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуда, иброз дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кормандони соҳаи маорифи кишварро мебояд барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия беш аз пеш кӯшиш намоем.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст ҳисоботи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Комилбек Амид “Оид ба фаъолияти муассиса дар соли таҳсили 2022-2023” шунида шуд. Вобаста ба масъалаи мазкур Раҳим Саидзода иброз дошт, ки ҷиҳати ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти донишгоҳи мазкур масъулини донишгоҳро мебояд шумораи устодони дараҷаву унвони илмидоштаро зиёд намуда, ҷиҳати иҷрои нақшаи қабули довталабон ба донишгоҳ ва таъмини хатмкунандагони равияҳои омӯзгорӣ ба ҷойҳои корӣ чораҳои дахлдор андешанд.
Дар идома ҳисоботи сардори шуъбаи омори Вазорати маориф ва илм Н. Убайдуллозода оид ба «Маҷмӯаи омории соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуда, китоби дарсии «Технологияи механикии маҳсулоти нассоҷӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Х. Т. Мирхолиқов, Д. С. Мансурӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии гузоришҳои боло вазири маориф ва илм таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои хуб ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, хусусан, литсею гимназияҳо, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон ва китобҳои дарсии фанни омодагии дифои ҳарбӣ, ташкили майдончаҳои сафороӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гузаштани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз бақайдгирӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои ҳатмию саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва тақвияти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ҷалб намуд.
Дар охир, вазири маориф ва илм дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон