507 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 9-10 АЗ ФАНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ-ГУМАНИТАРӢ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ

22-05-2022
20-22-уми майи соли ҷорӣ дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Баъд аз маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, давоми рӯз донишу маҳорати худро нишон доданд. 
Дар олимпиадаи мазкур 1106 нафар хонанда - 536 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 570 нафар аз муассисаҳои типи нав иштирок намуда, сазовори 507 ҷойи ифтихорӣ (88 медали тилло, 141 медали нуқра ва 278 медали биринҷӣ) гардиданд. 
Натиҷаи ҷамъбасти олимпиада нишон дод, ки шаҳри Душанбе сазовори 212 ҷойи ифтихорӣ (50 медали тилло, 63 медали нуқра ва 99 медали биринҷӣ), вилояти Хатлон сазовори 129 ҷойи ифтихорӣ (14 медали тилло, 35 медали нуқра ва 80 медали биринҷӣ), вилояти Суғд сазовори 125 ҷойи ифтихорӣ (18 медали тилло, 32 медали нуқра ва 75 медали биринҷӣ) ва шаҳру ноҳияҳои тебеи ҷумҳурӣ сазовори 41 ҷойи ифтихорӣ (6 медали тилло, 11 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ) гардиданд.
БАХТОВАР САФАРОВ