35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ба истифода дода шуд

14-11-2023
ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 мавриди истифода қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар ин деҳа то кунун барои таълиму тарбияи хонандагон шароиту имконоти мусоид фароҳам  набуд.
Бинобар ин ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои насли наврас ва ҳамзамон саҳмгузорӣ дар ободонӣ фарзанди ҳамин диёр Зубайдулло Зубайдзода бо аҳли пайвандонаш тасмим гирифт, ки дар деҳаи Каздон бинои таълимии замонавӣ сохта, ба истифода диҳад.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти таълимӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2022 оғоз ёфта, лоиҳаи иншоот аз тарафи мутахасисони КФ КВД “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Айнӣ таҳия шудааст.
Муассисаи навбунёд барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, он аз ду ошёна иборат мебошад.
Дар ошёнаи якуми муассиса 5 синфхонаи таълимӣ, як синфхонаи таълимии касбу ҳунар, маҷлисгоҳ, китобхона ҷойгир буда, дар ошёнаи дуюм утоқҳои таълимии фанҳои биология, химия, физика, математика, технологияи компютерӣ, забонҳои русиву англисӣ ва утоқҳои корӣ барои кормандони муассиса воқеъ мебошанд.
Барои ҷалби ҳарчи бештари насли наврас ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди муассисаи таълимӣ толори варзишӣ низ бунёд гардидааст, ки хонандагон метавонанд ба намудҳои гуногуни варзишӣ машғул шаванд.
Зимни ифтитоҳ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароиту имконоти фароҳамгардида дар муассиса баҳои баланд дода шуда, ифтитоҳи чунин бино туҳфаи арзандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони деҳаи дурдасти Каздони ноҳияи Айнӣ маънидод гардид.
Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамасола аксари хатмкунандагони  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ба донишгоҳу донишкада ва дигар муассисаҳои олии касбии мамлакат дохил шуда, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.
Соли 2023 ду хатмкунандаи муасисаи мазкур, аз ҷумла донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадзариф Зарифов дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар номинаи илмҳои табиӣ сазовори мақоми якум ва донишҷӯи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Гулрахшон Ҷумъаева дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар номинаи адабиёти классикӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Дар дурдасттарин деҳаи мамлакат бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти таълимии замонавӣ бори дигар баёнгари он аст, ки соҳаи маориф дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбариятии олии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, баҳри таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда мешавад.