Равобити байналмилалӣ

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ воҳиди сохтории дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд: 

 таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома, созишнома ва протоколҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ оид ба ҳамкорӣ дар   соҳаи маориф ва илм;
 таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома ва созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар;
 назорати татбиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо кишварҳои хориҷӣ;
 назорати риояи қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм аз ҷониби созмонҳои   байналмилалӣ ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ;
 таҳияи барномаҳои муштарак оид ба фаъолият дар соҳаи таҳсилот, таълиму тарбия, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон дар заминаи технологияҳои муосир;
 ҳамоҳанг сохтани фаъолияти раёсату шуъбаҳои маориф ва илми вилоят, шаҳр, ноҳия, сохторҳои дигари соҳаи маориф ва илм ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, гузаронидани конфронс, семинар, сафарҳои таълимиву омӯзишӣ ва тадқиқоти муштараки илмӣ бо марказҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;
 табодули ғайримарзии маводи илмӣ, таълимӣ, методӣ ва воситаҳои айёнӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;
 мутобиқи талаботи иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ;
 дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани номгӯи равия, ихтисос ва харҷномаҳо барои тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ;
 дар ҳамкорӣ бо Вазоратҳоии корҳои хориҷӣ ва рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили таҳсили шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии  кишварҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 мувофиқи созишномаҳои байнидавлатӣ барои таҳсил, коромӯзӣ, такмили ихтисос, аспирантура ва докторантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ фиристодани шаҳрвандони ҷумҳурӣ;
 дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва сохторҳои таркибии дастгоҳи марказии вазорат ташкил ва назорат намудани раванди таълими шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишварҳои хориҷӣ;
 назорати раванди таҳсили хонандагон, донишҷӯён, коромӯзон ва аспирантони хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ таъмин намудани назорати риояи реҷаи визагӣ ва қоидаҳои иқомати донишҷӯён, аспирант ва коромӯзони хориҷӣ дар қаламрави кишвар;
 назорати фаъолияти созмон, иттиҳодия ва ассотсиатсияҳои донишҷӯёни хориҷӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ;
 дар ҳамкорӣ бо ҷузъҳои таркибии дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои тобеи он таҳия намудани барномаҳо оид ба таъсиси муассисаҳои муштараки таълимӣ;
 назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар соҳаи робитаҳои байналмилалӣ;
 табодули иттилоот бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба дастовардҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм;
 дар якҷоягӣ бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои тобеи он ҳаллу фасл намудани масъалаҳои марбут ба тасдиқ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, унвон ва дараҷаҳои илмӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд;
 таъмини иштироки кормандони соҳа дар кори комиссия, кумита, форум, симпозиум, намоишгоҳ ва озмунҳои байналмилалӣ.


                  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардор: Камолзода Илҳом
Суроға: кучаи Нисормуҳаммад 13а, 734025, Душанбе, Тоҷикистон
телефон-(+992 37) 227-65-60; 221-30-33
факс-(+992 37) 223-23-73