Оташ дар Сада

29-01-2018
Тамоми муҳаққиқони фарҳангшинос бар он назаранд, ки ҷашни Сада чун Наврӯзу Меҳргон хоси тоҷикон аст ва бо расму оин, анъанаҳои ин халқи куҳанбунёд пайванди қавӣ дорад. ҷашни Сада низ чун Наврӯз дар моварои солҳо ба маҳкумияту монеаҳои зиёд дучор омада бошад ҳам, устувор мондааст ва то рӯзгорони мо асосан бегазанд расидааст. Ин ҷашни хуҷаста дар фарҳанги тоҷикони минтақаҳои алоҳидаи кишвар, дар хотираи фарҳангпарастони  миллат ва дар ашъори фаровони адибони номвари  тоҷик  поянда  мондааст. Решаҳои пайдоиши ҷашни Сада ба аҳди бостон мерасад, ба айёме, ки ҳанӯз оташ кашф нашуда буд. Дар тасаввури  ниёгони мо Сада таҷассум дар рӯшноӣ ва дар гармию оташ ёфта буд ва аз ин ҷост, ки Садаро ҳамчун ҷашни пайдоиши оташ  тавзеҳ мебахшиданд. Сада бо гардиши  табиат тавъам дониста мешавад. Бо фарорасии он муҳитро  гармии гуворое фаро  мегирад ва аввалин  нишонаҳои фасли  баҳор падид меояд. Мардум ин ҳодисаро чун умеди расидан ба Наврӯз  мепазиранд, оташ меафрӯзанд ва бо таъкиди он ки аз оғози зимистон сад шабу сад рӯз гузаштаасту ҳамин  миқдор то оғози баҳор мондааст, ба хурсандию шодӣ мегараванд ва ҷашни Садаро таҷлил менамоянд. Дар фарҳанги маъруфу бузурги «Бурҳони қотеъ» чунин сатрҳоро оид ба ин ҷашни фархунда мутолиа мекунем: «Сада ҷашнест, ки порсиён дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳ таҷлил кунанд ва дар он рӯз оташи  бисёр афрӯзанд». Дар ривоятҳои зиёде иртибот  доштани ҷашни Сада бо оташ таъкид мешавад. Ин ҷашн дар ойини зардуштӣ ҳамбаста бо нуру рӯшноӣ, гармию оташ тавсиф  ёфтааст. Пайдоиши оташ худ инқилобе дар ҳаёти одамон буд ва дар тамоми самтҳои зиндагии онҳо табаддулоти азиме ба миён овард. Вобаста ба ин таҷлили ҷашни Садаро чун шукрона ба ҳастии оташ низ метавон пазируфт.
Дар адабиёти классикии  тоҷик пайвастагии ҷашни Сада бо оташ борҳо таъкид шудааст. Ба ин байтҳо таваҷҷуҳ намоед: 
Ин Сада оташи афрӯхта дорад, ки дуруст
Лолаи рухгарми шарар ошиқи кирдор бувад.
ххх   
Ду чиз ёфт аз ин оташи Сада ду ҳамол:
Ситора ёраи заррину осмон халхол.
Ҷашни Сада дар рӯзгорони мо дар  поёни моҳи январ бошукӯҳ  таҷлил мешавад. Дар таълимгоҳҳо ба ин муносибат оростани маҳфилу ҷашнвораҳо хеле муфиду муассир хоҳад буд ва ба тарбияи хонандагон дар рӯҳияи  ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои  миллӣ ва муҳаббат ба табиати диёр мусоидат хоҳад кард.
Гулрӯ Хуррамшоева,
омӯзгор