Омили сулҳу субот дар ҷомеа

13-06-2017
Бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ -  арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор шуд. Зимни ифтитоҳи конфронс муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев доир ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, бахусус, Ваҳдати миллӣ изҳори ақида намуд. Мавсуф аз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани сулҳу Ваҳдат ва посдориву нигоҳ доштани он  ёдовар шуда, ваҳдати миллии тоҷиконро ҳодисаи бемисли таърихӣ номид. 
Сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Раҷабалӣ Сангов аз нақши Ваҳдати  миллӣ дар устувории Истиқлолияти давлат андешаронӣ кард. Вай афзуд, ки ваҳдат ва созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷодаи имрӯзу фардои киишварро мунаввар карданд. Маҳз пас аз шаш марҳалаи ба даст омадани сулҳу ваҳдат Тоҷикистон тавонист ба сӯйи ободкориҳо, сулҳу ваҳдати сартосарӣ ноил гардад. 
Маърӯзаи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин ба масъалаи ҳифз ва таъмини Ваҳдати миллӣ дар шароити гуногунандешӣ иртибот дошт. Мавсуф таъкид кард, ки дар замони ба ҳам омадани ақидаҳо ва рушди фарҳангҳо бояд андешаи миллӣ, ки ҳадафаш созандагист, мавқеи намоён дошта  бошад.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, Нуралӣ Нурзод - сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДХ ба номи Б. Ғафуров, Суҳроб Ҷамолов – мудири шуъбаи  корҳои тарбияи ДДҲБСТ, Ҳабиба Элназарова – омӯзгори ДДХ ба номи М. Назаршоев, Раҷабалӣ  Худоёрзода – роҳбари Маркази илмӣ – фарҳангии вилояти Хатлон ва дигарон атрофи мавзӯъҳои фалсафаи ваҳдат ва адабиёти миллии  тоҷик, ваҳдати миллӣ – бозёфти арзишмандтарин дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик, нақши музокирот дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ғайра андешаронӣ намуданд.