Муносибати босалоҳият –рушдбахши тафаккур

23-01-2018
Имрӯз масъалаи таълиму тарбияи насли наврас дигаргуниҳо ва метод-ҳои навро тақозо менамояд. Дар ин раванд  татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим самаровар аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қадамҳои аввал дар ин самт гузошта шудааст. Табиист, ки ҳар навгонӣ дар ин ё он соҳа ба пайдоиши истилоҳоти нав замина мегузорад ва ин водор месозад, ки дар раванди ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим тарзи дурусти онро истифода намоем. 
Воқеан, низоми нав дар муқоиса бо низоми куҳна бартариҳои зиёд дорад, ки омӯзгор бояд ҳамеша дар мутолиа бошад ва муносибати худ-ро бо хонандагон вобас-та ба низоми мазкур дигар намояд. Агар дар низоми анъанавии таълим омӯзгор нақши меҳварӣ дошта бошад, дар муносибати нав таъмини иштироки фаъолонаи хонанда, аз ҷараёни таълим берун намондани ҳеҷ яке аз толибилмон, ба роҳ мондани нақши роҳнамоии омӯзгор омили асосист. Ҳамчунин, дарки нобаробарии имконияту қобилиятҳои ҳар хонанда ва ба назар гирифтани хусусиятҳои фардии ӯ дар муносибати босалоҳият ба таълим нақши муҳим дорад. Агар хонандае мазмуни матни додашударо тавассути қувваи босира (биноӣ) аз худ намояд, ҳампаҳлуи ӯ онро ба воситаи хониш, сеюмӣ бештар бо роҳи шунидан, чорумӣ бо истифода аз қобилиятҳои дигар ҳазм мекунад. Мақсади таълим дарки мазмуни матн, ибрози андешаи худ вобаста ба моҳияти он, ягона ва умумӣ боқӣ мемонад (яъне, барномаи таълим тағйир намеёбад), вале роҳҳои ба даст овардани ҳадафи барномавии таълим тағйир меёбад. Ман кӯшиш мекунам, ки бо истифода аз усули муносибати босалоҳият ҳамаи хонандагонро ба дарс фаро гирифта, бо ташкил намудани корҳои гурӯҳӣ сифати таълимро баланд бардорам. Инчунин, низоми мазкур имконият медиҳад, ки ҳар як хонанда фикру ақидаи дигаронро гӯш кунад, ба дарки маънои сухани ҳамсуҳбат худро омода созад. Дар ҷараёни гузаронидани ин гуна машғулиятҳо нутқи шифоҳии кӯдакон инкишоф меёбад. Барои омӯзгор фаъолият бо хонандагони маҳорати гуногундошта осон гардида, ба толибилмон имконият медиҳад, андешаи худро баён намоянд. 
Дар таълими муносибати босалоҳият хонандагони чизи хондаашонро мазмунан шарҳу тавзеҳ мебахшанд. Онҳо метавонанд мазмуни як порчаи шеърро бо овардани намуна аз шеъри дигари ба ин мавзӯъ монанд тақвият дода, андешаи шарикдарси худро ҷонибдорӣ кунанд ва ё бо овардани далели ҷолиб таҳриру такмил бахшанд.
Саломат ЯТИМОВА, 
омӯзгори синфҳои ибтидоии №29-и
 ноҳияи Шоҳмансур