Истифодаи судманди усулҳои таълим

24-01-2018
Кор аз рӯи расмҳо дар синфҳои ибтидоӣ маъмулан бо роҳи суҳбат гузаронида мешаванд. Расм воситаи муҳими бой гардонидани захираи луғавӣ, инкишофи тафаккур ва нутқи хонандаҳост. К.Д.Ушинский гуфтааст: «Агар шумо ба синфе дароед, ки аз талабагон як калима ҳам шунидан мумкин набошад, корро аз нишон додани расм оғоз кунед, он гоҳ аҳли синф ба сухан медарояд».  
Маводи дидактикӣ барои мустаҳ-камкунии мавзӯъ нақши муҳим мебозад ва ҳамчун воситаи муҳими таъмини кори мустақилонаи талабагон мебошад. Дар таълими грамматика ва имло аз варақаҳои суратдори алоҳида ва мазмундор истифода кардан бамаврид аст. 
Кор бо ғалатҳои имлоии хонандагон қисми асосии фаъолияти омӯзгори синфҳои ибтидоист. Ғалатҳои имлоӣ, ба андешаи устодон М.Лутфуллозода ва И.Абдуллозода, дар шаклҳои гуногун зоҳир мегарданд: партофтани ҳарф, навиштани ҳарфи зиёдатӣ, ба ҷои як ҳарф навиштани ҳарфи дигар, ҷудо ё якҷоя навиштани калима ё ҳиссаи он, хурд ё калон навиштани ҳарфи аввали калимаю ҷумла. Омӯзгор бояд сабабҳои рӯй додани ғалатҳои имлоӣ, роҳҳои пешгирии онҳо, тарзҳои гуногуни ислоҳи ғалатҳои имлоиро донад. Дар ин росто, гузаронидани имлои санҷишӣ нақши бузургеро дар саводнок гардонидани хонандагон мебозад. Ҳар як имло (диктант) ҳамон вақт самара мебахшад, ки агар ҳаматарафа таҳлил карда шавад, хонандагон ғалати содиркарда ва сабабҳои рӯй додани онҳоро фаҳманд ва ислоҳ намоянд.
Нақли хаттӣ хонандагонро ба иншонависӣ тайёр мекунанд. Омӯзгор дар ҷараёни гузаштани мавзӯъ метавонад аз ин ду намуди кори хаттӣ (нақл ва иншо) истифода кунад.
Ҳурматой Раҷабова,
омӯзгор