Ҷалби наврасон ба китобхонӣ ё чаро шогирдон ба мутолиаи асарҳои бадеӣ майл надоранд?

08-07-2017
Вақтҳои охир шавқу завқ ба китоб ва китобхонӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст. Хусусан, пас аз оне ки телевизор, компютер, интернет, телефони мобилӣ пайдо шуд, таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣқариб аз байн рафт. 
 Насли имрӯз дар шароите, ки фановариҳои иттилоотӣ рушду тараққӣ карда истодааст, кор бо компютеру интернетро аз китобхонӣ барвақттар ёд мегирад ва ба технологияҳои иттилоотӣ майлу ҳаваси бештар пайдо мекунад. Дар ин маврид китоб ва китобхонӣ аҳамияти худро гум мекунад. 
Ҷалб намудани таваҷҷуҳи хонандагон ба китобу китоб-хонӣ дар соҳаи маориф яке аз масъалаҳои мураккабест, ки бо вуҷуди таҳияи силсилабарномаҳои таълимӣ барои омӯзиши бештари хонандагон дар ин самт то ҳанӯз натиҷаи дилхоҳе надодааст. Мавзӯи аз китоб дур шудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ мавзӯи нав нест. Ин масъала чандин сол аст, ки мавриди таваҷҷӯҳи аҳли назар ва олимони соҳаи педагогика ва равоншиносон қарор гирифтааст. Ҳатто падару модарон низ аз он шикоят мекунанд, ки фарзандонашон умуман ба китобу китобхонӣ майл надоранд. Мутахассисон ҳарчанд дар ин самт усулҳои нави ҷалби хонандагон ба китобҳои бадеиро фаҳмонида бошанд ҳам, вале шикояти пайдарпайии омӯзгорон доир ба шавқи китобхонӣ надоштани хонандагон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин масъала дар соҳаи маориф хеле мураккаб ва печидатар шудааст. 
Сабабҳо ва омилҳои дур мондандани хонандагон аз китоб ва китобхонӣ агар аз як ҷиҳат пайдо шудани интернету дигар воситаи иттилоотӣ бошад, аз ҷониби дигар китобҳои бузургҳаҷму забону услуби мураккаб доштани баъзе асарҳоест, ки хонандагонро дилгир мекунанд. Агар имрӯз романи «Духтари оташ»-и Ҷалол  Икромӣ ва ё романи «Дохунда»-ву «Ғуломон»-и устод Айниро барои хондан ба хонандагон пешниҳод кунед, ҳаҷми саҳифаҳои бузурги онро дида рад мекунанд. Барои хонандагони имрӯз ҳикояҳои кӯтоҳҳаҷму шавқовар  писанд аст. 
Чӣ бояд кард, ки хонандагон ба китоб ва китобхонӣ шавқ пайдо кунанд?  Ин масъалаи хеле нозук аст. Бахусус, дар шароите, ки фанновариҳои иттилоотӣ рушд доранду хонандагони макотиби миёна ҳар лаҳза дар сомонаҳои иҷтимоӣ, аз қабили фейсбуку твиттер, одноклассники, вайберу ватсап фаровон истифода мебаранд ва барои мутолиаи китоб «вақт» намерасад.
 Дар қадим адабиёти бадеӣ яке аз воситаҳои рушди ақливу рӯҳии инсон муаррифӣ мешуд. Ҳар инсоне, ки китоб мутолиа мекард, дар ҷомеа ҳамчун шахси бомаданият ва бофарҳанг талқин мегардид. Ин ҳам бесабаб набуд. 
Равоншиносон ба хулосае омадаанд, ки муҳаббат ба китоб аз кӯдакӣ шурӯъ мешавад. Бояд аз хурдӣ падару модар фарзанди худро ба китоб ва китобхонӣ одат кунонанд. Ҳар шаб пеш аз хоб хондани афсонаҳои шавқовар ба рӯҳияи кӯдак таъсир мерасонад ва ин раванд метавонад ӯро ба китоб дилгарм созад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар чанд даҳсолаи охир падару модарон на танҳо пеш аз хоб ба кӯдаконашон афсона намехонанд, балки худи онҳо низ аз мутолиа дур мондаанд. Масъалаи ҷалб ва бедор кардани шавқу завқи хондани китоб ба дӯши муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фанни забон ва адабиёт бор шудааст. Бисёриҳо бар ин боваранд, ки танҳо  мактаб метавонад шавқи мутолиаро дар дили хонандагон бедор кунад. Фанни адабиёт дар муассисаҳои таълимӣ вазифаи кӯпрукеро байни хонанда ва китоб иҷро мекунад. 
Усулҳо ва воситаҳои гуногуни ҷалби хонандагон ба китобҳои бадеӣ зиёд аст, вале барои корбурди онҳо пеш аз ҳама донис-тани ҳолати психологии ҳар як хонанда барои омӯзгор зарур аст. Масалан, омӯзгор бояд муайян кунад, ки кадом мавзӯъ ба хонанда метавонад писанд ояд ва аз рӯи ҳамон мавзӯъ ба хонанда китобҳо тавсия кунад. Ҳамчунин, ҳангоми тавсияи китоб синну соли хонанда бояд ба назар гирифта шавад. Хонандагони синфҳои 5-9 барои дарки маънии фалсафии асарҳои «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Саъдӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣқудрат надоранд, ҳарчанд ки дар барномаи таълимӣ омӯзиши ин асарҳо ҷой дода шудаанд. Имрӯз шогирдон, ки дар олами маҷозии интернет худро ором ва озода эҳсос мекунанд, дигар ба маънии баланди ашъори бузургони классик ва муосир таваҷҷуҳ намекунанд. Ҳарчанд ки дар ин миён чандин китоби шарҳу тафсири асарҳои бузургони классики мо таҳия ва нашр шудаанд, аммо то ба ҳанӯз бисёре аз хонандагон дар донистани маънии баъзе ашъор дармемонанд.  Дар чунин ҳолат омӯзгорони фанни забон ва адабиёт метавонанд бо ташкили хондани ашъори бузургони классик зимни машғулиятҳо ва берун аз он таваҷҷуҳи хонандагонро ба маънии он шеърҳои баланд ҷалб кунанд. 
Интихоби жанр барои омӯзгороне, ки дар вақтҳои таътили зимистона ва тобистона барои хонандагон рӯйхати китобҳоро тавсия мекунанд, хеле зарур аст. Омӯзгор бояд нахуст ҳикояву повестҳои шавқоварро пайдо кунад ва барои хондани онҳо ба хонандагон тавсия намояд. Дар ин маврид асарҳои «Ҳазору як шаб», «Чор дарвеш», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Марги судхӯр», повести «Одина» «Ривояти суғдӣ», достонҳои «Шоҳнома» (таҳияи С. Улуғзода)  ва чанд китоби дигарро метавон дар вақтҳои таътил ба хонандагон тавсия намуд. 
Хонанда кай ва кадом вақт метавонад ба китобхонӣ шавқ пайдо кунад?
Нақши асосиро дар ин ҳолат метавонад дарсҳои хониш бозад. Ба шарте ки хонанда худро ҳамчун қаҳрамони воқеаҳои асари нависанда тасаввур кунад.
Дарси хониши асарҳои бадеӣ, ки яке аз воситаҳои муҳим барои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ мебошад, бояд ҳадафмандона ва ҷолиб бошад. 
Омӯзгорро зарур аст, ки дар ин гуна ҳолатҳо нахуст шароити озоди интихоби асарро ба хонандагон фароҳам биоварад ва пас аз мутолиаи асар мавқеи шахсии худро муайян созад.
Кор бо матнҳо низ яке аз воситаҳои муҳим дар дарси хониш аст, ки метавон онро ба чунин қисматҳо ҷудо кард:
Хондани тамоми матн ва аз рӯи он тартиб додани нақша, хондан аз рӯи нақшҳое, ки тавонад чеҳраи асосӣ ва ҳақиқи қаҳрамони асарро кушояд, мутолиаи диалогҳои асар. 
Ҳамчунин, барои ҷалби хонандагон ба китоб метавонанд дар вақти дарси забон ва адабиёт ҳангоми омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоирону нависандагон мизи гирд ташкил кард ва аз рӯи асари ҳамон нависандае, ки мавриди омӯзиш аст, воқеаҳо ва қаҳрамону персонажҳои онро мавриди муҳокима қарор дод. Бигзор хонанда озод бошад, ба таври мустақим фикру мулоҳизаи худро ба воқеаҳои асар баён кунад. Дар ин гуна ҳолатҳо хонандагон ба асарҳои нависандагон на сарсарӣ, балки бо таваҷҷуҳи махсус муносибат мекунанд ва маънои онро дарк мекунанд. Ҳамчунин, китобҳои электрониро низ ба хонандагон тавсия намудан мумкин аст. Чун имрӯз планшету телефонҳои мобилии нав ба нав ба дасти хонандагон расидаанд, аз онҳо низ ба таври комил истифода бурдан мумкин аст.
Шоира Усмонова, 
омӯзгори коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ