-Нишасти матбуотӣ-

05-02-2018
Ба маориф таваҷҷуҳ зиёд аст
5 феврали соли 2018 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар бо иштироки доираи васеи хабарнигорони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ доир гардид. Азбаски барои хабарнигорон маълумотномаи муфассал оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илм дар соли 2017 ба ду забон омода ва пешниҳод шуда буд, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Нуриддин Саид бо дебочаи хурде баромад карда, ҳозиронро бо ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм, роҳбарон ва масъулони зерсохторҳои вазорат шинос намуд. Сипас, рафти нишасти матбуотӣ танҳо аз  суолу ҷавоб ва баррасиии масъалаҳои бамиёнгузоштаи хабарнигорон иборат буд. Бояд гуфт, ки суолҳои асосии кормандони васоити ахбори омма ба масъалаҳои ислоҳоти соҳаи маориф, низоми бисёрзинагии таҳсилот, зарурати таълими фосилавӣ, бо камераҳои назоратӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд», маблағҷудоккунӣ ба зинаҳои таҳсилот аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, омодагӣ ба ҷашни 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ва ғайра оид буданд.  Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ва дигар шахсони масъул- роҳбарони зерсохторҳо ба суолҳои мазкур ҷавобҳои қаноатбахш дода, қайд намуданд, ки маориф дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок ва калидӣ эълон шуда, бо ғамхорию дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ сол аз сол ба соҳаи мазкур зиёд мешавад. Ин аст, ки  маорифи Тоҷикистони соҳибистиқлол рушду нумуъ ёфта, бо дастовардҳои хеш дар миқёси ҷаҳон соҳиби мақому манзалати бештар мегардад. 




Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон