Вокуниш ба матлаби «Чаро китоб ройгон нест»  («СССР» 17-уми ноябри соли 2020) 

28-12-2020
Дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «СССР», бахусус бахшҳои «Меҳмонхонаи «СССР», «Газетаи мардумӣ» шаҳрвандон аз мушкилиҳои соҳаи маориф ибрози андеша мекунанд. Дар шумораи 17-уми сентябри соли 2020 сокини шаҳри Кӯлоб Нуриддин Достиев аз номи як гурӯҳ падару модарон занг задаву дар хусуси пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Номбурда изҳор доштааст, ки «Чаро то ҳол дар мактабҳои миёнаи мо иҷораи китобҳои дарсӣ пулакӣ аст? То ҷое, ки мо маълумот дорем истифодаи китобҳои дарсӣ бояд ройгон бошад».
Бояд тазаккур дод, ки китоби дарсӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар пешрафтатарин кишвари олам ҳам ройгон нест. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб бо мақсади дастгирии аҳолии камбизоат ва паст кардани сатҳи камбизоатии шаҳрвандон дастрасии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба китобҳои дарсӣ тавассути низоми иҷора ба роҳ монда шуд, ки то имрӯз амал мекунад. Тибқи ин низом тартиби пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ чунин аст: дар соли аввал 34%-и нархи умумии китоб, соли дуюм 33% ва соли сеюм 33%. Дар маҷмӯъ давоми се сол маблағи китоб ба вазорат пурра бармегардад. Солҳои чорум, панҷум ва минбаъда агар китоб қобили истифода бошад, тибқи низомнома барои истифодаи он 50%-и нархи иҷораи соли сеюми муайянкардаи вазорат пардохт карда мешавад. Маблағи иҷораи соли чорум ва солҳои минбаъда дар суратҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавии мактаб монда, барои истифодаи мақсаднок сарф карда мешавад. Аз маблағҳои дар ихтиёри мактаб монда 50%-и он барои пардохти музди иловагии китобдори мактаб, 30%-и он барои хароҷоти ба низоми иҷораи китобҳои дарсӣ алоқамандбуда ва 20% барои музди меҳнат ва дигар хароҷоти мутасаддиёни шуъбаи маориф, ки дар самти низоми иҷора ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ фаъолият доранд, сарф карда мешавад. Ҳаҷми ин маблағ ба таври расмӣ дар мактаб ва шуъбаи маориф қайд гардида, дар ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ дарҷ карда мешавад.
Инчунин, мувофиқи банди 33-и «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» директори мактаб бо ҳамроҳии Кумитаи падару модарон ва омӯзгорон мувофиқи тартиби муқарраргардида рӯйхати хонандагони аз оилаҳои камбизоат бударо муайян намуда, пули иҷораи китоби онҳоро аз ҳисоби маблағҳои иҷораи соли чорум ва солҳои минбаъдаи китобҳои дарсӣ ва ё манбаъҳои дигар (ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҷамоатҳо, сарпарастон, шахсони сарватманд, хайрхоҳон, хоҷагиҳо ва ғайра) дарёфт карда, пардохт менамояд. Рӯйхати чунин хонандагон бо қарори Шӯрои педагогӣ тасдиқ карда мешавад.
 
Маркази таҳия, нашр ва муомилоти 
китобҳои дарсӣ, илмию методии 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон