ВОКУНИШ БА МАҚОЛАИ «РӮЗНОМА ЧАНД ПУЛ АСТ?» – ҲАФТАНОМАИ «ТОҶИКИСТОН» аз 25.08.2021, №34

03-09-2021
Бо фарорасиии соли таҳсил ҳамасола таваҷҷуҳи омма ба масъалаҳои мактабу маориф меафзояд. Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ яке аз самтҳои хеле калони соҳаи маориф ба шумор меравад. Аз ин рӯ, як қисми масъалаҳое, ки бештар ба он таваҷҷуҳ зоҳир мешавад ба ҳамин паҳлуи соҳа алоқаманд аст. Ба ин монанд сокини шаҳри Душанбе бо номи Нуринисо тавассути ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз нархи «Рӯзнома» нигаронӣ кардааст. Номбурда изҳор медорад, ки «Рӯзнома» дар бозору мағозаҳои китобфурӯшӣ 3 сомонӣ, аммо дар муассисаҳои таълимӣ 5 сомонӣ арзиш дорад. Азбаски чунин тарзи муносибат метавонад, боиси нофаҳмиҳо дар соҳа шавад, зарур шуморидем, ки асли воқеиятро бозгӯ кунем.
Чанд сол мешавад, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии чопи китобҳои дарсӣ ва маводи таълим дар хориҷи кишвар (Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2019, №12) ва тақвият бахшидан ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ чопи «Рӯзнома»-и хонандаро бо назардошти фикру пешниҳодҳои мутахассисони соҳа ва мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии таълим ба роҳ мондааст. Бо мақсади огоҳӣ ёфтани корхонаҳои полиграфӣ ва ширкатҳои ноширии ватанӣ ҳамасола тавассути матбуот барои чопи «Рӯзнома» ва маводи дигари таълим барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ эълон нашр карда мешавад. Соли ҷорӣ ширкатҳои ноширии ҶСП «Нашриёти муосир», ҶДММ «Эр-граф», ҶДММ «Паёми ошно», ҶДММ «Лавҳ» барои чопи «Рӯзнома» ба вазорат муроҷиат карданд.  Ба ширкатҳои ноширӣ, ки барои чопи «Рӯзнома» муваззаф мешаванд дастур дода шуд, ки рӯзномаи хонандаро тибқи нишондоди тавсифномаи техникие, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, як нусха нашр намуда, ҷиҳати мувофиқ будан ба талаботи стандартҳои амалкунандаи соҳаи полиграфӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намуда, бо мақсади танзими нархгузорӣ бо ҳамкории Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи миёнаи «Рӯзнома»-ро муайян кунанд. Инчунин ҳар як ширкати ноширӣ вазифадор шудааст, ки баъди ба даст овардани иҷозати чоп аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эҳтиёҷот, теъдоди чоп ва муҳлати дастрас гардонидани «Рӯзнома»-и хонандаро тариқи бастани шартномаи дуҷониба мувофиқа намоянд. Яъне нархи миёнаи «Рӯзнома», сифати коғаз, ҳаҷми саҳифаҳои он барои як соли хониш пурра ба эътибор гирифта шудааст.  
Бояд гуфт, ки чоп ва ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ дастрас гардонидани китобҳои дарсӣ ва ҳама гуна маводи таълим яке аз вазифаҳои асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ба роҳ мондани «Рӯзнома»-и ягона барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ аз як тараф, роҳи ҷилавгирӣ аз ҳама гуна бенизомиҳо дар ин самт ва аз ҷониби дигар дастгирии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо нусхаи рӯзнома аз ҷиҳати ороиш мувофиқ ба талаботи санитарию гигиенӣ таҳия гардида, ба ширкатҳои ноширии ватанӣ пешниҳод карда мешавад. Вазорати маориф ва илм танҳо сифати коғаз, чопро назорат мекунад, то ки сифати маҳсулоти полиграфии он дар муқоиса ба бозор паст набошад. Маблағи «Рӯзнома» бошад, бевосита ба суратҳисоби ширкатҳои ноширӣ пардохт мешавад, на ба вазорат. 
Имрӯз дар бозор навъҳои гуногуни рўзнома бо нархҳои гуногун аз 3 то 6 ва ҳатто бештар аз ин сомонӣ мавҷуда аст, аммо касе кафолат дода наметавонад, ки сифати коғаз, ҳаҷми саҳифаҳо барои истифода дар давоми соли хониш ва ба дигар талаботҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгў бошад.
Рӯзнома ва дигар маводи зарури таълимии аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тавсияшуда бо он ки мувофиқ ба хусусиятҳои миллӣ таҳия гардидаанд, инчунин аз нигоҳи санитарию гигиенӣ, сифати коғаз ва рангнокӣ ба талаботи стандарти таълим ҷавобгў мебошанд. Аз ин рӯ, бо он ки Вазорати маориф ва илм нашри рӯзнома ва дафтарҳои синфиро бо назардошти хусусиятҳои миллӣ дар дохили кишвар ба роҳ мондааст, набояд ҳангома созем, баръакс кўшиш ба харҷ диҳем, то ки истеҳсоли ҳама гуна маҳсулоти ватанӣ тақвият ёбад, ки ин боиси фароҳам шудани ҷойҳои корӣ ва аз ҳама бештар рушди иқтисоди миллӣ хоҳад гашт.
Дар мавриди саволи дигари хонанда оид ба чӣ гуна тақсим шудани китобҳои дарсӣ иттилоъ медиҳем, ки бо мақсади дастрасии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба китобҳои дарсӣ тақсимоти китобҳои дарсӣ тавассути низоми иҷора ба роҳ монда шудааст, ки то имрӯз амал мекунад. Тибқи ин низом тартиби пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ чунин аст: дар соли аввал 34%-и нархи умумии китоб, соли дуюм 33% ва соли сеюм 33%. Дар маҷмӯъ давоми се сол маблағи китоб ба вазорат пурра бармегардад. Солҳои чорум, панҷум ва минбаъда агар китоб қобили истифода бошад, тибқи низомнома барои истифодаи он 50%-и нархи иҷораи соли сеюми муайянкардаи вазорат пардохт карда мешавад. Маблағи иҷораи соли чорум ва солҳои минбаъда дар суратҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавии мактаб монда, барои истифодаи мақсаднок сарф карда мешавад. Аз маблағҳои дар ихтиёри мактаб монда 50%-и он барои пардохти музди иловагии китобдори мактаб, 30%-и он барои хароҷоти ба низоми иҷораи китобҳои дарсӣ алоқамандбуда ва 20% барои музди меҳнат ва дигар хароҷоти мутасаддиёни шуъбаи маориф, ки дар самти низоми иҷора ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ фаъолият доранд, сарф карда мешавад. ҳаҷми ин маблағ ба таври расмӣ дар мактаб ва шуъбаи маориф қайд гардида, дар ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ дарҷ карда мешаванд.
Эзоҳ: Мутобиқи банди 8-и «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуъбаи маориф ҷиҳати пардохти сарфи хароҷоти нақлиёт барои дастрас кардани китобҳо аз анбори раёсати маориф то шуъбаи маорифи ноҳия ва аз шуъба ё раёсати маориф то ба муассисаҳои таълимӣ, нигоҳдорӣ ва тақсимоти китобҳо, музди меҳнати мутасаддиёни соҳаи иҷораи китобҳои дарсӣ, пардохти ҳаққи хизмати амалиёти бонкӣ ва дигар эҳтиёҷоти вобаста ба китобҳои дарсӣ метавонад, то 2% арзиши иловагӣ ба нархи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд.

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти
китобҳои дарсӣ, илмию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон