Вокуниш ба мақолаи “Пулситонӣ дар мактабҳои миёна дар авҷ”-и ҳафтаномаи “Пайк” (№ 39, аз 25 августи соли 2022)

13-09-2022
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мақолаи Раҳмия Пулодзода - “Пулситонӣ дар мактабҳои миёна  дар авҷ”-ро, ки дар ҳафтаномаи “Пайк” (№ 39, аз 25 августи соли 2022) чоп гардида буд, мавриди баррасӣ қарор дод. 
Мақола дар маҷлиси васеи директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласаи шуъбаи маориф директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, Зубайдова Ҷамила, №6 Мирзоева Гулбаҳор ва №53 Салимов Нурулло  барои хунукназариашон нисбати зердастон огоҳ карда шуданд. Қайд карда шуд, ки директорони муассисаҳо аз болои омӯзгорон ҷиҳати пулситониашон аз хонандагон чораҳои таъсирбахш андешида, ба шуъбаи маориф ахбороти муффасал ирсол намоянд. 
Бояд иброз дошт, ки дар ҳақиқат делоҳои кӯдакони синфи якум бо нархи 5 сомонӣ таъмин карда мешаванд, вале ҳастанд омӯзгороне, ки ба номи омӯзгор  иснод  меоранд ва бо чунин муносибаташон ҳамаи омӯзгорони муассисаҳои таълимиро доғдор менамоянд. 
Оид ба гурӯҳҳои шартномавӣ бояд иброз намуд, ки танҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва 53 бо сабаби афзудани шумораи хонандагон ду-се гурӯҳи шартномавӣ амал мекунад. Дар дигар мактабҳо гурӯҳҳои шартномавӣ вуҷуд надоранд. Айни ҳол гурӯҳи шартномавӣ дар муассисаҳои зикргардида баста шуданд.
Шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб аз ин баъд мавзуъро пайгирӣ мекунад ва дар оянда намегузорад, ки омӯзгорон ба амалҳои коррупсионӣ даст зананд. 
 
Қ.Ҳакимзода,
мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб