Вокуниш ба мақолаи «6 моҳ ба ҷойи 11 сол. Чаро дар мактаби миёна забони хориҷиро ёд намегиранд?» - и Уғулой Қутбиддинзода («Тоҷикистон», аз 07.07.2021, №27)

23-07-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «6 моҳ ба ҷойи 11 сол. Чаро дар мактаби миёна забони хориҷиро ёд намегиранд?» - и Уғулой Қутбиддинзода («Тоҷикистон», аз 07.07.2021, №27)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои мубрам дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад.
Аз ин ҷост, ки баҳри рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хосатан, забонҳои русиву англисӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирона тадбирҳои мушаххас андешида мешавад, ки қабули Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 аз ин шаҳодат медиҳад.
Бояд зикр кард, ки Барномаи мазкур мушкилоти дар соҳаи таълими забонҳои хориҷӣ мавҷудбударо шинон дода, роҳҳои имконпазири ҳалли онҳоро пешбинӣ менамояд ва шароитҳоеро, ки ба рушди таҳсилоти бисёрфарҳангию чандзабонии насли наврас мусоидат мекунанд, муайян месозад.
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар аз худ кардани нутқи намунавӣ ва ошно гаштан ба фарҳанги русӣ ва ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Дар ҷаҳони муосир донистани чандин забон имкониятҳои насли ҷавонро васеъ гардонида, шароит муҳайё месозад, ки нерӯи хешро дар соҳаҳои гуногуни фаъолият дар миқёси ҷаҳон самаранок татбиқ намояд.
Бо дарназардошти ин, аз ҷониби сохторҳои марбутаи Вазорати маориф ва илм, алалхусус Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф стандарту барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии забонҳои хориҷӣ таҷдиди назар карда шуда, таъдоди зиёди китобчаҳои қиссаву ҳикоя, муҳовараву луғатҳои омӯзишӣ, китобҳои омӯзиши забон тавассути бозиҳо ва ғайра таълиф шуданд, ки дар истифодаи хонандагон қарор доранд.
Дар ҷавоб ба мақола иброз медорем, ки дар ҳақиқат имкони омӯхтани забони англисӣ дар курсҳои кутоҳмуддат ба чанд сабаб беҳтар буда, аз якчанд омил вобастагӣ дорад, аз ҷумла:
-дар ин гуна курсҳои забономӯзӣ чӣ дар назди таълимдиҳанда ва чӣ дар назди таълимгиранда мақсади ягона вуҷуд дорад, яъне ҳарчӣ босамару зудтар азхуд намудани забони омӯхташаванда ва аз ҳама асосӣ, шавқу рағбат ва ҳавасмандии бевоситаи шунаванда, ки бо дарки масъулият дар назди худ мақсади муайяни омӯхтани забони хориҷиро гузоштааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба ин самт таваҷҷуҳ камтар аст;
-бартарии дигари курсҳои забономӯзӣ дар он аст, ки дар онҳо теъдоди шунавандагон нисбат ба гурӯҳҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маротиб кам буда, ба муаллим имконияти хуби фаҳмондани мавзӯъ, пурсиши вазифа, гузаронидани дарсҳои шавқовар, шунидани сабтҳои гуногуни овозӣ ва ғайра фароҳам буда, ӯ дар ҷараёни ҳар як дарс бо ҳар як шунаванда ба таври инфиродӣ такрор ба такрор пайваста кор мебарад;
-таълим дар ин гуна курсҳо дар давоми ҳафта 3-4 маротиба ва ё ҳар рӯз то 4-5 соат танҳо бо забони хориҷӣ сурат мегирад, ки албатта, ин ҷиҳат низ, афзалияти калон дорад;
-мавзуъҳое, ки аз ҷониби муаллимон гузаронида мешавад, ҳамарӯза такрор ёфта, вазифаи хонагӣ танҳо аз фанни омӯхташуда дода мешавад, ки ба шунаванда имконияти бештари такрор ва азхудкунии маводро фароҳам меорад. Аз ҷониби дигар, худи шунаванда бо супоридани маблағи муайян дар назди волидон масъул ҳаст, ки бо омодагии ҳамарӯза ба дарс-машғулият ҳозир гардад ва забони хориҷиро азхуд кунад;
-ҷиҳати дигари бартарии курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ дар мавҷудияти шароитҳои педагогӣ аст, яъне дарсҳо одатан бо истифода аз тахтаи электронӣ, таҷҳизоти лингафонӣ, маводҳои гуногуни шавқовари интернетӣ гузаронида мешаванд, ки на ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо чунин шароит таъмин аст. Имконоти маҳдуди иқтисодиву молиявии буҷети ҷумҳурӣ даст намедиҳанд, ки ин гуна шароитҳои педагогӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ба якборагӣ фароҳам оварда шаванд.
-илова ба ин, дар синфҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ теъдоди зиёди хонандагон, баъзан то 45 нафар хонанда, таълим мегиранд ва муассисаҳои таълимӣ имкони ба гурӯҳҳо ҷудо кардани хонандагонро надоранд, ки ин пеш аз ҳама ба муаллим душворӣ меорад. Ва ҳалли ин масъала низ ба мушкилӣ пеш меравад, ки сабабаш ҳамон имконоти маҳдуди буҷет аст. Новобаста аз он, ки дар ҷумҳурӣ соле беш аз 200 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва ба истифода дода мешавад, мушкилот дар ин самт бинобар афзоиши зиёди аҳолӣ боз ҳам бештар мегардад.
Муаллифи мақола бояд бидонад, ки албатта, ба шахсе, ки дар назди худ азми ҷиддии омӯзиши забонро дошта бошад, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ метавонад забони хориҷиро азбар кунад ва илова бар ин, ҳоло шароити омӯзиши забон тавассути телефону интернет, диску китобҳои хоно барои кӯдакон, методикаҳои нави ҳозиразамон, ки ба ҳама дастрасанд, фаровон мавҷуд буда, дар ин ҷода мушкилие арзи ҳастӣ намекунад ва ин гуна даъвоҳо аз бехабар будани бархе нафарон аз пешравиҳои замони муосир дарак медиҳад. 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон