ҶАВОБ БА САВОЛИ С. ИСЛОМОВ , А. ҒОЗИЕВ, М. МУРОДОВА, СОКИНОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН, КИ ДАР САҲИФАИ 16-И ШУМОРАИ №28 (1383), 15.07.2020 ҲАФТАНОМАИ “ТОҶИКИСТОН” ЗЕРИ РУБРИКАИ “ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲАНД!” БА НАШР РАСИДААСТ.

21-12-2020
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости Шуморо мавриди омӯзиш қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки барои таъсис додани мактабҳои русӣ, пеш аз ҳама, мутахассисони соҳибтахассусу бомаҳорате лозиманд, ки дар самти омӯзонидани фанҳои таълимӣ бо забони русӣ малакаву истеъдоди заруриро доранд. Танҳо дар сурати таъмин гардидани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманд раёсати маорифи шаҳри Истаравшан метавонад дар ягон мактаби муайян таълимро бо забони русӣ бо ташкил намудани гурӯҳҳои махсуси русзабон ба роҳ монад. 
Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Шуморо ба инобат гирифта, ҳангоми таҳияи нақшаи кории вазорат масъалаи бунёди муассисаи таълимии русзабонро дар шаҳри Истаравшан баррасӣ хоҳад кард.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон