ҶАВОБ БА НИГОШТАИ А. ҲИДОЯТОВ, ОМӮЗГОРИ НАФАҚАХӮР, КИ ДАР САҲИФАИ 16-И ШУМОРАИ №44 (1399) ҲАФТАНОМАИ “ТОҶИКИСТОН” АЗ 4.11.2020 БА НАШР РАСИДААСТ.

22-12-2020
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба муроҷиати омӯзгори ба синни нафақарасида А. Ҳидоятов дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” маълумот медиҳад, ки дар банди 6 Тартиби ба нафақа гусел намудани кормандони соҳаи маориф, ки бо фармоишши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.12.2017, №6480 тасдиқ гардидааст, оварда шудааст: “Роҳбари муассисаи таълимӣ ва муовини ӯ, инчунин, омӯзгор (мураббӣ) метавонад баъди ба нафақа баромадан дар асоси шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ, ки ҳамасола ба муҳлати як сол баста мешавад, то як воҳиди корӣ ва то ба кор омадани омӯзгори ҷавон дар муассисаи таълимӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шавад”.
Инчунин, дар банди 15 Тартиби мазкур дарҷ гардидааст: “Баъди синни ниҳоии нафақа расидан ва ба нафақа гусел намудани омӯзгоре, ки хоҳиши кор ва фаъолият намудан дар муассисаи таълимиро дорад, дар сурати мавҷуд будани ҷойи кори холӣ роҳбари муассиса уҳдадор аст, ки то як воҳиди корӣ дар асоси хулосаи тиббӣ ба шаҳрванд шартномаи муҳлатноки меҳнатиро, ки ҳамасола аз аввали соли таҳсил ба муҳлати як сол баста мешавад, ба имзо расонад”.
Маркази матуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон